Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди чилу панҷ дақиқа Ҷумъаи Зокир сари расми зане қарор гирифт ва моро бовар кунонид, ки расми мазкур бо ҷузъиёти на чандон зиёде ба ҳамон духтаре, ки тамоми моҳи сентябр аз пеши ў мегузашт, монанд аст.
Соате пас баъди наққошии начандон зиёд аз рўи нақлу иловаҳои Ҷумъа Зокир аз Самадов хоҳиш намудем, ки аз рўи он чанд дона расме тайёр намояд. Баъди гусели мӯйсафед ман ҳамроҳи сардори бахш ба ошёнаи дуюми бино баромада, вориди дафтари кори ў шудем.

  • Хуш, полковник ба худат писанд омад? - баробари ба курсӣ нишастан пурсид Тоҳир Додобоев.
  • Дирўз ба як савол посух наёфтам, ба ҷойи ҷавоб ба саволи сардори бахш бо суоли дигаре муроҷиат намудам ман.
  • Ба кадом суол?
  • Оё Ҷумъа Зокир худаш гуфт, ки дар охири соли чилу чор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда буд.
  • Содда будаӣ.
  • Яъне, ки нагуфт?
  • Не.
  • Пас шумо аз куҷо фаҳмидед?
  • Аз комисариати ҳарбӣ. Ман делои шахсии вайро худам варақ задам ва ҳатто гуфта метавонам, ки эшелони онҳо кай аз вокзали роҳи оҳани Душанбе ба роҳ баромад.
  • Агар махфӣ набошад.
  • Ў дар ҳайати командаи ҳаштоду сеюм 12 декабри соли 1944 ба қатора нишастааст…
  • Чӣ сабаб шуду шумо дафтари аъмоли вайро варақ задед?
  • Нақлҳояш ва аминам, ки дирўз шумо ҳам он нақлҳоро шунидед.
  • Ҳа.
  • Пас аз шунидани он нақлҳо ба кадом хулоса омадед?
  • Нақлҳои мӯйсафед дар сатҳи нақлҳои генералҳоянд.
  • Барои ҳамин ҳам таваҷҷуҳи банда ба рўзгори домулло бештар шуд ва рафту агар ў дар ҷанг иштирок мекард, ман ба хулосае меомадам, ки Ватан хизматҳояшро дуруст қадр накардааст.
  • Ҳарчанд Ҷумъаи Зокир худ иштирокчии бевоситаи набардҳои хунини ҶБВ набошад ҳам, ў дар баланд бардоштани руҳияи ҷавонон доир ба ватандорӣ саҳми босазое гузоштааст.
пешина
аз 441
навбатӣ