Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дурўғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез.
  • Бале.
    -Нишондоди ҳозираи мўйсафедро чӣ хел арзёбӣ мекунед?
  • Гумон мекунам, ки он моро то қуллаи мақсуд мебарад.
  • Ҳаминаш басанда аст. Дар чунин синну сол тайёр будани хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ бо шеър ифода кардан на кори ҳар фард аст.
  • Мўйсафед дар ҳамин руҳия тарбия ёфтааст. Ин гуноҳи ў нест, ки иштирок дар набардҳо насибаш нагаштааст, вале ў тавонистааст, ки тариқи нақлҳои хеш нафрати мардумро алайҳи ҷангҷўён бедор созад ва бубинед, ки ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ў таклифи моро пазируфта, ба ин ҷо омад, то саҳми хешро заррае ҳам бошад, дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ гузорад.
  • Умед ба он мебандем, ки нишондоди мўйсафед самаре медиҳад.
  • Масъалаи гузоштани тугмачаи овозгир чӣ шуд?
  • Ҳомид Ҷовид зиддияте изҳор накард. Чун дирўз дер шуда буд, гумон мекунам, ки худи имрўз Абель56 (корманди милиса сержант Ҷунайдовро барои борҳо дар чунин амалиётҳо иштирок намуданаш, бо чунин тахаллуси рамзӣ ном мебурданд) чун корманди идораи газ ба манзили Бонози Даврон ташриф меорад.
  • Оҳҳо…
  • Чӣ гап шуд? - ҳеҷ чизеро нафаҳмида гуфтам ман.
  • Мо дар ҳузури Самадов чанд вақт будем?
  • Қариб ду соат.
  • Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ, - гўён Тоҳир Додобоев аз ҷой бархест.
  • Шумо ба куҷо?
  • Ба он ҷоки ғизо моро интизор аст, - гўён ў ба тарафи дар ҳаракат намуд ва баъди даҳ дақиқа мо вориди тарабхонаи «Гули ноз» шудем…

Абель – разведчики Шӯравӣ, ки соли 1963 бо Пауэрс иваз карда шуд.

пешина
аз 441
навбатӣ