Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди бист дақиқа ман пой бар остонаи бинои милиса гузоштам ва хостам Тоҳир Додобоевро аз натиҷаи суҳбати хеш бо Ҷумаи Зокир огоҳ созам, вале ў дар дафтари кориаш набуд…


Субҳи рўзи дигар расо соати 0950 дақиқа ман ба пешгоҳи бинои милиса баромадам. Баъди панҷ дақиқаи интизори полковник Ҷумъаи Зокир ҳам омад ва ман ўро рост ба дафтари кории лейтенанти калони милиса Самадов бурдам. Ба ҷуз худи ташхисгар-криминалисти шуъба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Додобоев ҳам омадани шиноси деринаи хешро интизор буд.

  • Оҳҳо киро мебинам! - баробари пой бар остонаи дафтари кори Самадов гузоштани мо аз ҷойи бархоста гуфт Тоҳир Додобоев ва ба мӯйсафед гарм вохӯрӣ намуд.
  • Агар хато накунам, полковник Тоҳир Додобоевич?
  • Худи худаш, рафиқ полковник.
  • Тамоми шаб ман андешаи онро доштам, ки чӣ тавр капитани милиса Сорбони Ҳомид бе ягон калому паём ба суроғи ман омада, боз аз банда дар корҳои ҷустуҷӯӣ ёрӣ хост.
    Акнун ман бечунучаро гуфта метавонам, ки боиси ин ҳама ташвишҳои мани муйсафед кӣ будааст.
  • Аминам, ки барои чунин гуноҳам бандаро авф менамоед,- гуфт Тоҳир Додобоев ва курсиеро баҳри муйсафед нишон дода, худ низ паҳлуи ў нишаст.
  • Рафту ман агар заррае ба корҳои шумо ёрӣ дода тавонам, худро хушбахт меҳисобам.
  • Беҳад шодам, ки шумо таклифи моро пазируфта омадед.
    -Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.
    -Магар полковник Ҷумъаи Зокир метавонад суханони Саъдии Бузургро фаромӯш намояд?
  • Баъди ин иқтибоси овардаи шумо мо чӣ ҳам метавонем бигўем ва агар эшон зид набошанд, ба кори хеш оғоз менамудем.
  • Зид нестам.
    Сардори бахш мақсаду мароми кори дар пеш истодаро ба мӯйсафед фаҳмонда дод ва сипас Самадов ба кори хеш пардохт. Аз рўи нақли мўйсафед ў тарҳи рўи занеро рўи навор овард ва сипас чашму абрў ва дигар узвҳои сарро тағйир додан гирифт…
пешина
аз 441
навбатӣ