Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ба андешаи шумо чаро ў духтарро то ба зери кӯҳдоман мошинсавор намебурд?
-Шояд худи духтарак ҳаминро намехост, охир дар байни миллати мусулмон шарму ҳаё гуфтанӣ гап ҳаст ва, албатта, духтар ҳам андешаи ҳаминро мекард. - Аслан шумо онҳоро дар кадом қисми рўз медидед?
- Бегоҳиҳо, соатҳои чор ё панҷ.
- Рафту он духтарро бинед, мешиносед?
- Албатта. Аз ҷавон дида ман духтарро бештар медидам.
- Ёфтани ҳамон духтар барои мо чун обу ҳаво зарур аст.
- Аз дасти ман дигар чӣ ҳам меояд?
- Мо мехостем дар асоси нишондоди шумо акси ҳамон духтарро рўи лисон оварем.
- Магар чунин ҳам шуданаш мумкин аст?
- Мумкин аст, бобоҷон.
- Ў духтари қоматбаланде буд.
- Чеҳрааш чӣ хел буд?
- Рўяш чун кулчаи ширмол.
- Бобои Ҷумъа, шумо имконияти пурра доред, ки ба тафтишот ёрӣ диҳед.
- Чӣ хеле ки мо пионерони солҳои сиюм мегуфтем «ҳамеша тайёрам».
- Ин хел бошад, фардо субҳ ба ШКД ноҳияи Саричашма биёед, ё агар омада натавонед, ман худам омада шуморо мебарам. Дар он ҷо бошад, шумо боз бо як асрори нав-чӣ хел аз рўи нақл симои шахсро ҷо ба ҷо мекунанд, шинос мешавед.
- Полковник Ҷумъаи Зокир ба ёрие эҳтиёҷ надорад.
- Яъне, ки шумо розӣ ҳастед?
- Албатта.
- Набошад, субҳи фардо ман шуморо соати даҳ дар милиса интизор мешавам.
- Бисёр хуб.
- Акнун бо иҷозати шумо…
Муйсафед оятеро аз каломи раббонӣ қироат намуд ва мо ҳарду омин гуфта, даст ба рўй кашидем.
Ин дафъа ў ба нею нестони ман нигоҳ накарда, аз ҷой бархест ва бандаро то пеши дарвозаи ҳавлӣ гусел намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор