Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Гўё намедонед.
- Чиро?
- Ҳамаашро.
- Абдурашид ҳеҷ аз ҳамин муаммогӯиат намондӣ.
- Оне, ки аз нӯшидани шир сӯхтааст, дуғро пуф-пуф карда менӯшад.
Танҳо баъди ҳамин суханони лейтенанти калон ман ба асли воқеа сарфаҳм рафтам. Бояд иқрор шуд, ки дар ҳодисаи рўзи
27 ноябр аз ҳама бештар Абдурашид даву тоз намуд ва чун вақту соаташ омад, сарзаниши аз ҳама бештареро ҳам ў шунид.
Охир ў беҳуда ронандаро ба дафтари кори Ҳамид Ҷовид набурдааст ва боз ба назди Тоҳир Додобоев ҳам. Ўро матлаб аз ин амал як аст собит сохтани дараҷаи бегуноҳии хеш. То кадом андоза ронанда ба тафтишот ёрӣ дода метавонист, баҳри ман ҳам муаммо буд, вале матлаби Абдурашид «колаи бад ба соҳибаш насиб кунад» нигоштаи мардони кӯҳанро ба ёд меовард… - Марҳамат гузашта шинед, - бо ишораи даст курсиҳоро нишон дода гуфтам ман.
- Ташаккур, - гўён ҳарду ҳам паси мизи дуюм дар муқобили якдигар нишастанд ва бе ягон калому паёми зиёдатӣ Абдурашид риштаи суханро ба даст гирифта, бандаро ба рафти кор шинос намуд.
Сипас ба чанд саволи банда худи ронанда посух гуфт. Аз ҷумла ў қайд намуд, ки шаби 27 ноябр соати 21 аз шаҳри Турсунзода баргашта буд ва тахминан баъди як соат вориди шаҳр шуд ва дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» ҷавонзане даст бардошт. Чун ҷавонзан аз ҳамон самте, ки роҳ ба сўи маркази шаҳр мерафт ва банда низ ба ҳамон тараф раҳсипор будам, даст бардошт ва ў бе ягон калому паёми зиёдатӣ омада дари қафоро кушода нишаста гуфт:
-Кӯчаи Беҳзод.
Баъди бист ё биступанҷ дақиқа ман бо хоҳиши ў мошинро дар рў ба рўи бинои нуҳошёнае боздоштам.
Ба саволи мо, ки мусофир тайи ин муддат ягон сухан гуфт ё не, Мирсаид ҷавоби инкор дода гуфт, ки мусофир дар сари андешаҳои хеш буд ва ҳатто кӯшишҳои аввалини бандаро, ки бо ӯ нияти ҳамроз шудан доштам, рад намуд…
Ба пурсиши мо. ки рафту агар ҳамон ҷавонзанро бинад, мешиносад, ронанда ҷавоби инкор дода гуфт, ки аз рўи касби хеш банда танҳо ба роҳ назора мекунам, на ба мусофир ва рафту агар мусофир худ ба ягон чиз таваҷҷуҳ намояд, посух мегўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор