Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он шаб бошад, чӣ хеле ки гуфтам, мусофирзан ҳатто ба суханони банда аҳамияте надода, маро хушдор сохт, ки ў на он мусофирони шабгард аст, ки ман гумон дорам ва беҳтар аст, ки хаёлҳои хомро аз сарам дур намуда, чашм аз роҳ наканам.
-Вақти бо ў ҳисобу китоб намудан рӯйи вайро надидед? - пурсидем аз ронанда.
-Шояд мусофир ба куҷое шитоб дошт, ва чун банда мошинро боздоштам, як даҳ сомонаро ба паҳлуям гузошта гуфт:
-Бақия лозим нест, - ва дарро кушода фаромад. Чун ў ба тарафи ман дигар нимнигоҳе ҳам накард, муддате дар рӯшноии чароғи кӯча ман ба ў нигаристам. Ў ҷавонзани миёнқаде буда, дар тан боронии чармини сиёҳ ва рўймоли ҳамранги ҳамон борониро дошт. Қоматаш ниҳоят мавзун ва қадаммониаш ҳам зебо буд. Чун ў вориди бинои рақами 17 шуд, ман боз ба роҳ баромадам.

  • Дар пояш чӣ хел пойафзол дошт?
  • Мӯза дошт. Ба ёдатон бошад, он шаб ниҳоят хунук буд ва баъди то ба хона рафтани ман шамоли ниҳоят сахт гашт ва ҳатто маҳаллаи мо муддате бе барқ монд.
  • Яъне, шумо ба мо ёрӣ дода наметавонед?
  • Намедонам.
  • Афсӯс.
  • Охир чӣ илоҷ рафту ман мефаҳмидам, ки ў ба шумо чунин лозим мешавад, аздусар ба рӯяш нигоҳ мекардам. Истед, ки ў дар ҳамон бино зиндагӣ намекунад?
  • Намедонем.
  • Агар шумо розӣ бошед, ман ба пеши ҳамон бино меравам, рафту…
  • Ташвиш накашед.
  • Чаро?
  • Чунин амал бархилофи қонун мешавад.
  • Лекин овози ў дар ёди ман мондааст.
  • Наход?
  • Бе шӯхӣ мегўям.
  • Овози ўро аз рўи кадом нишонаҳояш мефаҳмед?
  • Чӣ гўям?
  • Нишонаҳои овозро.
пешина
аз 441
навбатӣ