Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ин амал ба лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф хуш омад ё не, чизе гуфта наметавонам, вале…
Абдурашид чун мард аз чунин ранг гирифтани ҳодиса ҳаросон нашуда, бо дасту дили гарм ба ҷустуҷўи он «Волга»
баромад.
Ба бахти Абдурашид буд ё бахти ҳамаи мо, ки рўзи чоруми ҷустуҷӯҳо лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф шахсияти ронандаи таксие, ки соати 2240 дақиқа дар рў ба рўи бинои рақами 17 кӯчаи Беҳзод ҷавонзанеро фароварда буд, муайян намуд.
На танҳо шахсияти ронандаи Волгаро муайян намуд, балки ўро рост ба дафтари кори ман овард.
- Мумкин? - дари дафтари кориро кушода пурсид Абдурашид.
- Барои худат дар ҳамеша кушода.
- Ман танҳо нестам.
- Майлаш дароед.
- Ин кас Мирсаид, - баробари вориди дафтари кори ман шудан ҳамроҳи бо худ овардаашро муаррифӣ намуд нозири минтақавӣ.
- Мир Саид Алии47…
- Мирсаиди Сайидакбар, - сухани бандаро бурида гуфт Абдурашид.
- Гӯшам ба шумо, рафиқ лейтенанти калон.
- Мирсаид ронандаи ҳамон Волга аст.
- Кадом Волга?
- Волгаи сафед.
- Ўро бо банда чӣ корест?
- Аслан ман ўро ба дафтари кори Ҳамид Ҷовид бурдам, вале он касро наёфтам, сипас ба дари сардори бахш Тоҳир Додобоев ангушт задам, вале садо аз санг омаду аз дохили он катакчаи бетонӣ не ва ҳар чӣ бодо бод гуфта, боз дари шуморо ҳам кушодам.
- О, муаммогўиро бас кун, гуфтам ман.
- Пӯсткандаи гап ҳамин, ки ана ҳамин домулло (ў ба тарафи ҳамроҳаш, ки чун ў пушти дар рост меистод, ишора намуд) ҳамон нафарест, ки сайди моро то ба кӯчаи Беҳзод бурда.
- Чаро ўро худат напурсидӣ?
47 Ишора ба Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор