Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Мо аслан аз муҳокимаи мавзуи асосӣ дур рафтем.
- На. Мо дар атрофии ҳамон мавзуъ даву тоз дорем.
- Пас чӣ бояд кард?
- Андеша намо!
«Фикри бисёр ба як хар бор гуфтаанд», - мардони хирадманд. - Ба ҳодисаи мазкур нигоҳ аз чашми сар не, аз чашми дил мебояд.
- Аз нуқтаи назари мантиқ гўед.
- Гуфтам-ку, бо чашми дил ба ҳодиса нигаред.
- Бо чашми дил?
- Бале.
- Ҳеҷ чизро намефаҳмам.
- Чияш нофаҳмо?
- Ҳамааш.
- Андеша намо!
- Андеша мегўед?
- Бале, андеша…»
Андешаҳои зиёде чун туғёни мавҷҳои рӯди шӯх маро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофтанд…
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда то андозае таҳлили амалҳои хешро дар тарозуи вақт гузоштам.
Дар ҳодисаи шаби 27-28 ноябр дар кӯчаи Беҳзод, 17, рухдода аз нигоҳи кунунии ман хат ҳам ғалат буду маънӣ ҳам, имло ҳам ғалат буду иншо ҳам.
Ҳамин чор омилро банда дар мадди назари нигоҳи дил гузоштам.
Дар нисбати рўзи аввали содиршавии ҳодиса тайи ин муддат хати фронт хеле васеъ гашта буд ва он акнун нигоҳи дақиқтареро талаб мекард.
Дар хати фронти кунунӣ нафарони зиёде дар сангарҳо ба муқобили мо истода буданд.
Агарчӣ то кунун мо дар сангарҳои марказии хати фронт танҳо Хушнуд Замир ва Бонози Давронро ҷустуҷў доштем, то онҳоро ҳадафи тири хеш қарор диҳем, дар айни вақт мо боварии комил ҳам надоштем, ки ҳарду нафари дар боло зикри номашон рафта дар ҳодисаи мазкур даст доранд ё не.
Ба чунин хулоса мо баъди он омадем, ки нақши ангуштони Хушнуд Замир бо нақши ангуштони аз он хонадон гирифташуда, хусусан бо нақши ангуштони аз ҳайкалчаи Суқрот ба дактилокарта гирифта шуда баробар наомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор