Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисли гурбаи сиёҳи аз пеши роҳ баромада …
Гурбаи наҳс.
-Чӣ бояд кард?
-Боз ақибнишини?
-На.
-Чаро?
-Рафту ба чунин амал дубора даст занем, мо дар ҳалқа мемонем, ки ин ба шикасти мо ва ғалабаи он ё онҳое, ки дар марги Сафо Боқӣ даст доранд, анҷом мепазирад.
-Ҳоло ҳам ба шикасти хеш боварӣ надоред?
-Не.
-Шумо аллакай дар муҳосираед.
-Медонам.
-Пас чӣ лозим кӯшишҳои беҳуда?
-Мо ғалаба мекунем.
-Ҷӯйборро напарида уҳ нагўед.

  • Ба оянда мо ба чашми нек менигарем.
  • Онҳо ҳам.
  • Киро дар назар доред?
  • Рақибонатонро.
  • Дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам, ҳамин хел?
  • Ҳамин хел. Аслан оне, ки ба ҷиноят даст мезанад, гумон дорад, ки асрораш ниҳон мемонад.
  • Андешаҳои ботил.
  • Далел?
  • Таърих то кунун ҳодисаеро, ки шар аз болои хайр ғолиб омада бошад, дар ёд надорад.
  • Чунин ҳодисаҳо лаки андар лаканд, вале таърихшиносон онҳоро нодида мегузаранд.
  • Сабаб?
  • Андеша намо!
  • Андешаи чи?
  • Рафту агар таърихшиносон ба тавсифу таърифи шар дасту остин барзананд.
  • Акнун фаҳмидам.
  • Таърих ҳам бояд ҳидоятгари роҳи рост бошад ва ҳар кӣ чунин роҳро хуш надорад, ўро бояд мавриди танқид қарор диҳад, вагарна чӣ мешавад?
  • Қиёмат мешавад.
  • Бале, қиёмат мешавад, қиёмат…
пешина
аз 441
навбатӣ