Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Андоза нигоҳ дор, - нидо омад аз ғайб.
    «Андоза нигоҳ дор, ки андоза накуст, ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст» мегуфт бобоям. Маълум, ки банда ба эҳсосот дода шудам, ба эҳсосоте, ки ҳатто аз шунидани сухани рост метарсам.
    Магар бад, аст сухани ростро шунидан?
    -Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад, - шунидам посухи диди хеш.
  • Сарв мегўед?
  • Бале сарв.
  • Чӣ суд аз чунин бозёфте, ки тафтишотро ба қафо партофт.
  • Ростиро заволе нест.
  • Пас ў кист?
    -Киро дар назар доред?
    -Ҳамон ҷавонзанеро, ки ману Дилшоди Ҷаббор дидаем.
  • Аз куҷо донам?
  • Пас куҷост ростӣ?
  • Ҷӯянда ёбанда аст, мефаҳмед?
  • Кам, кам
  • Ба ҳаминаш ҳам шукр гўй!
  • Чаро?
    “ Обҳои равон, ки мебинӣ, ҳама аз қатраҳои борон аст.” … Ман ҳамон хел бемадор рўи регҳои соҳил мехобидам, дарё орому соқит дар маҷрои хеш равон буду равон. Дигар аз он туғёни бемаҳал нишоне намонда буд…
    “ Обҳои равон ки мебинӣ…
  • Боз чӣ?
    Ҳама аз қатраҳои борон аст,” - шунидам посухи аз замирам бархостаро ва аз ҷой бархестам…

Ақибнишинии мо дар самти фронти марказӣ боиси ба нақшаи генералӣ даровардани тағйироту иловаҳои нав гардид.
Ҳамаи инро сабаб он шуд, ки нақши ангуштони Хушнуд Замир бо нақшҳои аз ҷойи ҳодиса гирифташуда баробар наомаданд ва боз …
Ҳамсари Сафо Боқиро нафаре ҳам боре бо боронии чармини сиёҳ надида буд ва аз рўи иттилооти оперативии ба дастомада ў ҳеҷ гоҳ чунин боронӣ ҳам надошт.
Боронии чармини сиёҳ…

пешина
аз 441
навбатӣ