Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тайи ин муддат ба сохтмони объектҳои стратегие44 даст задем, ки тайи ҳафтод соли шӯравӣ танҳо орзуи сохтмонашонро дар дил мепарвардем, вале чун дастнигари боло будем45 бе рухсат хиштеро болои хишт гузошта наметавонистем.
Ин ҷо бошад…
Кадом як боронии чармине садди роҳи мо гашта.
Дили кӯҳро шикофтему роҳи туғёни дарёи азими Вахшро бастем…
Ин ҷо бошад…
Абдурашид бо бозёфтҳои хеш роҳи моро чун он рӯди азим бубаст.
Моро ба ҷуз рахнаи дили кӯҳ роҳи дигаре намонда…
Ва боз.
Дар самти дигари ҷабҳа ҳам қӯшунҳои моро ба ақибнишинӣ маҷбур намуданд. Ҳарчанд ақибнишинӣ ин ҳанўз анҷоми кор нест, вале он ҳам шикаст аст ва хоҳу нохоҳ эътирофи он мушкилоти наверо рўи саҳна меорад.
Гап дар сари он буд, ки нақши ангуштони ба дактилокарта гирифтаи Самадов дар бойгонӣ ЭКО нимаи дуюми хешро наёфтанд. Маълум шуд, ки Хушнуди Замир ҳатто ба ҳайкалчаи Суқрот таваҷчуҳе зоҳир накарда будааст.
Мо бошем…
Ба он дастони «муъҷизаофарин», ба дастони марде, ки ба қавли Хусрав Раҳим оини ҷавонмардӣ шикаста буд, чӣ умедҳое накардем, вале…
Фарёди мо ба гӯши фалаки каҷрафтор нарасид ё худ гӯши фалак кар буд.
Шикаст болои шикаст.
Нокомӣ аз пайи нокомӣ моро дунболгир шуд.
Ва ҳамааш шуда. аз рўи нишондоди кадом як Дилшоди Ҷаббор.
Ва боз… Он мўйсафеди пой бар лаби гӯр монда …
Ба ҳамааш Абдурашиди Шариф гунаҳкор.
«Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, - шунидам эътирози қалби хеш.

  • Худоё наход…

44 НОБ-и Роғун дар назар аст..
Москва дар назар аст.

пешина
аз 441
навбатӣ