Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки аз рўи маълумотҳои ба даст овардаамон Бонози Давронро касе ҳам боре бо боронии чармини сиёҳ надида буд ва то ҷое, ки мо итилло гирифтем, ў боронии чармин ҳам надошт.
Аз чӣ бошад, ки баъди шикасти аввалин суханони доҳии пролетариати ҷаҳон В.И.Ленин «як қадам ба пешу ду қадам ба қафо» - ро ба ёд овардам. Чун сухангўй тайи зиёда аз ҳафтод сол моро ба сўи қуллаҳои «коммунизм» раҳнавард буд, каме ҳам бошад осуда шудам, вале…
Боз ба ёд овардам, ки бо ҳама ҷаҳду талоши ў ва пайравонаш фатҳи он куллаи бузург насибамон нагашт, қалбам фишурда шуд.
Ин дафъа тақдири сухангўйро ба ёд овардаму пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард….
Дар солҳои мактабӣ суханони «хонед, хонед ва боз ҳам хонедро» ба Ленин ташбеҳ медоданд, ҳол он ки …
Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) сенздаҳ аср пеш аз Ленин гуфта буд: «Аз гаҳвора то гӯр илм омўзед», ин ҷо бошад…
Сухани пайғамбари исломро, сухани нафареро, ки аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон пайраваш ҳастанду ба ў арҷгузорӣ мекунанд, бо каме тағйирот ба сарвари инқилоби болшевикҳо Ленин ташбеҳ доданд…
Онҳое, ки замоне суханони паёмбари хешро ба Ленин ташбеҳ доданду мардумро ба хондан ҳидоят намуданд, чун рўзу соаташ омад ба гардани пайкараи нафаре, ки онҳоро тайи ҳафтод сол «хонед, хонед боз ҳам хонед» мегуфт, занҷир андохта сарнагун сохтанд43.
Онҳое, ки ҳар зарра, ҳар қатра хун, ҳар тори мўяшон коммунист буданд, шикасти пайкараи Ленинро чун оғози таназзули миллат арзёбӣ мекарданд, вале…
Мо тайи даҳ-понздаҳ соли охир он қадар пеш рафтем, ки ҳисобаш гум…
Чун нигоҳи ҳамсоягон ба сўямон некбинона набуд, аз рўи ақлу хирад роҳҳои аз муҳосира баромаданро ҳам ёфтем.

43 Ишора ба шикастану бардоштани пайкараҳои Ленин дар СССР.

пешина
аз 441
навбатӣ