Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Инаш ҳам дарди бахайр буд, агар мо муайян мекардем, ки Бонози Даврон боронии чармини сиёҳ медошт, ё нафаре ҳам боре ўро бо чунин боронӣ медид…
Айбро дар ош ё дар мош ҷустан лозим меомад.
Таҳлили мушаххас нишон дод, ки новобаста аз он ки худи сардори ШКД Ҳамид Ҷовид ба ҷойи ҳодиса рафта буд, вале нигоҳи ў ва ҳамаи аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса рафта ба ҳодисаи рухдода нигоҳе аз паси панҷа буд…
Хатои гурўҳи фаврӣ-тафтишотии ба ҷойи ҳодисарафта дар он буд, ки дар ҳамон вақт манзили аслии зисти Сафо Боқиро дар маҳаллаи Зарафшон мавриди кофтуков қарор надоданд.
Хатои тафтишот дар он буд, ки ба таври таъҷилӣ сабти гуфтугўи телефонии бо рақамҳои ба хонадон ва ҷойи кори Сафо Боқӣ дар давоми рўзи 27 ноябр ирсолшуда гирифта нашуд ва ҳатто…
«Ҳатто чӣ?
- Ҳатто шахсияти нафареро, ки дар нимаи дуюми рўз то соатҳои 22 панҷ маротиба ба алоқа баромада буд, муайян накарданд, муайян кардан он тараф истад ҳатто кӯшиши гирифтани сабти гуфтугўи ўро бо ҳамсари маҳрум дар муддати се шабонарўзи баъди содиршавии ҳодиса гирифта натавонистанд, ҳол он ки худи Ҳамид Ҷовид дар шаби аввали баъди ҳодиса муайян намуда буд, ки аз соати 12 30 то 17 25 – и рўзи 27 ноябр касе ба хонадони Сафо Боқӣ занг назадааст ва агар чунин аст, пас ба кадом мақсад бонуи хонадони маҳрум тафтишотро ба иштибоҳ андохтанӣ шудааст. Бубин, ҳатто сарвари ШКД, шахсе, ки умри хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қурбон намудааст, ҳамин нимкосаи таги косаро надидааст…»
Аҷибаш он буд, ки ба хулосаи пешакии ташхисгари тиббӣ Мирзовалӣ Раҳимов гурӯҳи ба ҷойи ҳодисарафта ба таври бояду шояд аҳамият надодаанд ва сари ҳодисаи мазкур, ки дар он хона кӣ будаасту чаро Сафо Боқӣ бо боронию пойафзолаш вориди хонадоне, ки худ онро қолинпӯш намудааст, шуда, то даҳлез ҳамин хел ҳаракат намудааст.
Ҳарчанд то кунун мо назарияро дар бораи ин ҳодиса аз нигоҳи сайёд ба сайд медидем, баъди рўйи роҳ баромадани гурбаи сиёҳ аз рўи зоғ шуда (борониии чармини сиёҳ дар назар аст) аз раззоқ ҳам мондем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор