Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Худоё, шармандаи бозори қиёмат накунӣ, - баъди ҳар намоз ба даргоҳи илоҳӣ илтиҷо мекард бобои бузургворам.
Ин ҷо бошад.
Хусрав Раҳим ҳамон марди сӯзанхӯрда ҳам марди аноӣ набуд, рафту агар ў сари баду неки ҷаҳон андеша намекард, магар чунин харобу лоғар мемонд.
“Ман ба Сафо гуфтам, ки дўстӣ ҳам ҳадду канор дорад ва дўст ҳам дар кору зиндагӣ бояд ҳадди хешро нигоҳ дорад.” Ин суханонро ман дирўз аз забони Хусрав Раҳим шунида будам.
Пас ў ягон чизро медонад, не ў қасам хӯрд, ки далели боэътимоде дар ин бора надорад. Шояд ў ҳамаашро ба Сафо гуфта бошад. Эҳимол писари устодаш сари ин гуфтаҳо баъдтар андеша намуда…

  • Ба қаҳвахонаи «Клеопатра» хуш омаданд, - гуфтани пешхизмат андешаҳои бандаро аз дуриҳои дур то ба он манзил овард.
  • Салом, - гуфтам ман.
    -Салом, рафиқ капитан, - гуфт Фараҳноз (пешхизматро чунин ном бо ҳарфҳои хоное дар лаби кисаи хилъаташ болои дилаш навишта шуда).
    -Аз куҷо гирифтӣ, ки банда капитан ҳастам?
    -Ман чандин маротиба шуморо бо либоси низомӣ дидаам, ё гапам нодуруст?
    -Не, дуруст.
    -Хуш, чӣ мефармоянд?
    -Шӯрбо ва лӯлакабоб,
    -Нӯшоки чӣ?
    -Чой.
    -Кабуд, сиёҳ?
    -Чойи кабуд.
    Фараҳноз матлаби бандаро ба дафтарчааш навишта аз паси иҷрои он рафт.
    Фараҳноз, чӣ номи зебое!
    «Боноз чӣ? - шунидам садои қалби хеш?
    -Фараҳноз, Боноз, Гулноз ва боз чӣ қадар нозҳои дигар дар ин забоне, ки ҳатто аълома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ онро ҳамду сано гуфтааст, ҳаст, вале баъде тангназарон оби дари хона лойолуд гуфта ба қаҳвахонаю тарабхонаҳояшон номҳои халқу миллатҳои дигарро мегузоранд.
    -Милиса шудаю чунин андеша дорӣ?
пешина
аз 441
навбатӣ