Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агар Хушнуди Замир ягон чизро дарк намуда бошад ҳам, танҳо дар натиҷаи муносибати сарди ман дарк мекард. Рафту ў дар ҳақиқат намак хӯрдаву ба намакдони дӯсташ туф карда бошад, аздусар ҳамин нигоҳи сарду муносибати сарди ман басанда буд, ки вай андеша намояд.
То пой бар ин остона гузоштанаш бархилофи вазифаи хизматиам, ки яке аз принсипҳои асосиаш гуманизм аст, ман дар нисбати ў нафрат доштам, вале чун мо сари суҳбат қарор гирифтем, он ҳама фикру андешаи ботилро аз сар дур намудам.
«Ҳаволаи бад ба худо», ба ёд овардам сухани гузаштагонро ва аз ҷой бархестам.
Ақрабаки соати болои дар ба 14 наздик мешуд ва ҳис намудам, ки гурусна мондам.
Аз бинои милиса баромада, ба тарафи шарқ ҳаракат намудам ва баъди ҳашт-даҳ дақиқа вориди қаҳвахонаи «Клеопатра» шудам.
Чун қаҳвахона қариб, ки холӣ буд, банда дар як нигоҳ ҷойи муносибтареро интихоб намуда, ба ҳамон самт ҳаракат кардам ва паси оинаи тиреза, ки аз тарафи роҳ буд, нишастам.
Ба ҳама сардии ҳаво нигоҳ накарда, дили мардум ба зиндагию зиндагонӣ гарм буд ва ҳамаи инро ман аз чеҳраи мардуми роҳгузар, ки аз самти шарқ ба ғарбу аз самти ғарб ба шарқ ҳаракат доштанд, медидам. Мардумон чун мурчагон ҳама дар даву тоз буданд. Дар зоҳир ҳамаи онҳо зебову озода буданд, вале ботинашонро ба ҷуз Оллоҳ таоло касе намедонист, ҳамчуноне, ки ботини Хушнуди Замирро ман нафаҳмидам ва ҳаволаашро ба Худо намудам…
Шояд дар байни роҳгузарон чун Сафо Боқӣ ҳам буду чун дӯсти ба қавли Хусрави Раҳим, намакшиканаш ҳам. Ҳарчанд тайи ду соати суҳбат ман ба хулосае омада натавонистам, вале Оллоҳ таоло худ шоҳид, ки хиёнате дар байни ў ва дўсташ Хушнуд Замир гузашта.
- Ҳеҷ боварам намеояд зери лаб бигуфтам ман.
«То шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад», - ба сухани банда эътирозе омад аз ғайб.
-Наход дўст шудаву…
-На ҳар кас қимати намаки дӯст донад.
Бо ин қалби ҳассос дигар чӣ ҳам мегуфтам. Мардони ориф беҳуда нагуфтаанд, ҳар ки намак хӯрдаву ба намакдон туф кард, дер ё зуд шармадаи ҳарду ҷаҳон хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор