Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Рафту ба ҷои «Клеопатра» ягон номи зебои тоҷикӣ даромадгоҳи ҳамин қаҳвахонаро зеб медод, осмон омада ба замин мерасид?
-О, Клеопатра маликаи Миср буд ва чӣ тавр ту метавонӣ дар нисбати номи ин зани ҷасуру диловар эътироз намоӣ.»
Фурсат баҳри эътироз намудан ҳам нашуд, чунки бо лаълии миёнае Фараҳноз омад. Ў лаълиро ба як гӯшаи миз гузошта, аз ҳама пеш лаъличаи нонро гирифта, рўи миз монд, сипас косаи ӯрбо ва чойро …
Фараҳноз.
-Чӣ буд?
-Ҳамин Клеопатра кӣ буд?
-Намедонам.
-Ин хеле бад аст.
-Шояд аз шеф пурсида биёям.
-Ихтиёрат.
Чун Фараҳноз рафт, банда косаи шӯрборо наздиктар гузошта, чумчаро ба даст гирифтам ва чун бо шӯрбо ҳисобу китобро баробар намудам, пешхизмат ҳам омад.
-Хуш, шеф чӣ мегўяд?
-Мегўяд, ки «Клеопатра»-ро чандин сол пеш дар филми ҳамномаш дида будам. Маҳз барои ҳамин зебогиаш номи қаҳвахонаро ба номи вай гузоштанд.
- О, дар он филми бадеӣ нақши Клеопатраро актрисаи америкоӣ Элизабет Тейлор бозидааст.
- Шояд шефро ҷеғ занам?
- Лозим нест.
- Ба ростӣ, ман худам ҳам ҳайрон, чаро онҳое, ки пулу мол доранду ба шарофати ҳамин миллат рўйи вазифа омадаанд, аз гузоштани номҳои зебои тоҷикӣ ҳазар мекунанд.
- Ман ҳам ҳайрон.
- Лӯлакабобро биёрам?
- Зид нестам.
Пешхизмат боз ба байни толор рафт.
Ҳамсари Клеопатра Юлий Сезар дар саҳна аз дасти душманонаш кушта шуд, аз саҳнае, ки драмаи онро худ навиштаю нақши асосиро ба душ гирифта. Маҳз ҳамин амал ба ў шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Бо ин васила Юлий Сезар аз дарди бедавое, ки ўро азоб медод, халос шуд ва нотавонбинонашро, онҳоеро, ки дар саҳна ўро куштанд, ба зери дор бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор