Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Капитани милиса Сорбони Ҳомид, - гуфтам ман ва баҳри дилпурии ҷавонзане, ки аз мӯди халқӣ фаромўш намуда буд, шаҳодатномаи хизматиамро нишон додам.
  • Амакҷон, ман вафтам, - гуфт дӯсти ҷавонам.
  • Ташаккур, Абдумаҷид, - гуфтам ман ва чун дӯсти хурдсолам боз ба саҳни майдон ба назди ҷӯраҳояш рафт, матлаби хешро ба Нигорабону изҳор намудам.
  • Ману Боноз ҳар бегоҳ пеш аз хоб дар ана ҳамин саҳн лаҳзае сайругашт мекунем,-иқрор шуд ҳамсуҳбати навам.
  • Шаби гузашта чӣ?
  • Не, дишаб ба хонаи Боноз ҳақу ҳамсояҳо рафта буданд.
    Магар ў метавонист, ки меҳмонҳоро дар хона танҳо гузошта ба ин ҷо барояд.
  • Яъне, шумо тайи ҳафтаи охир танҳо шаби гузашта ба сайругашт набаромадед?
  • Шаби гузашта ҳам чун шабҳои пешин банда ба саҳни ҳавлӣ баромадам ва қариб ним соат ё шояд каме камтар аз ҳавои тоза нафас гирифтам. Охир худатон нағз медонед, ки дар ин катакчаҳои бетонӣ дили кас бухс мекунад. Тайи чанд сол ман дар Амрико будам ва мардуми он ҷо назарашон ба табиат дигархелтар аст. Афсўс ки бо ҳама ин зебогии табиати кишвари хеш мо аз он дуруст истифода бурда наметавонем.
  • Дар бораи ҳамсари Боноз чӣ гуфта метавонед?
  • Инсони наҷиб буд.
  • Худи Боноз чӣ?
  • Чӣ шумо аз ў гумонбаред?
  • Ман ин хел нагуфтам.
  • Нагуфтед, вале аз миш-миши гапатон маълум, ки чиро дар назар доред.
  • Дар атрофи ин қазия мо бояд ба ҳамаи саволҳои хеш ҷавоб ҷўем.
  • Ў дугонаи ман аст.
  • Агар дугонаатон намешуд, чӣ андеша доштед?
  • Намедонам.
  • Рафту агар ягон ҳолати дигари корро дар атрофи ин қазия ба ёд овардед, ана бо ҳамин телефон ба ман занг занед, - гўён ман рақами телефонамро ба дасти Нигорабону дода, бо ў худоҳофизӣ намудам.
пешина
аз 441
навбатӣ