Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таваҷҷуҳи маро яке аз он бачаҳо дида, ба суям омада боодобона салом дода, худашро чун калонсолон муаррифӣ намуд: – Абдумаҷид.

  • Сорбони Ҳомид, - худро ба дӯсти ҷавонам шиносонидам ман.
  • Шумо чикора?
  • Милиса.
  • Дадои ман ҳам милиса.
  • Наход.
  • Бе шӯхӣ.
  • Гуш кун, Абдумаҷид
  • Чӣ буд?
  • Сокинони ошёнаи чоруми ҳамин биноро (ман бо ангуштам ба тарафи ҳамон биное, ки лаҳзае пеш баромада будам, ишора намудам) мешиносед?
  • Мешиносам, - боз ҳамон хел калонгарона гуфт мусоҳиби хурдсолам.
  • Оё гуфта наметавонед, ки Нигораи Собирро аз куҷо ёбам.
  • Дар ин бино ду Нигора ҳаст, кадомашро …
  • Дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекунад.
  • Дугонаи холаи Бонозро гўед.
  • Ҳа, худи худаш.
  • Вафтем,-гуфт Абдумаҷид.
  • Ба куҷо?
  • Ба хонаи мо.
  • О ба ман Нигораи Собир лозим.
  • Он кас дар хонаи мо, ҳамроҳи очаам.
  • Худат дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?
  • Дар ошёнаи дуюм. Вафтем, ман ўро ба шумо нишон медиҳам гўён Абдумаҷид маро ба ҷону ҳолам намонда, ба хонаашон бурданӣ шуд.
  • Гӯш кун, Абдумаҷид, ба фикрам, худат бачаи калон шудаӣ.
  • Дадом гуфт, ки соли оянда ман ба мактаб меравам.
  • Ана дидед. Оё беҳтар нест, ки холаи Нигораатро ба ин ҷо ҷеғ занед.
  • Майлаш, ман вафтам, - гўён дӯсти ҷавони ман ба сўи бино давид ва баъди ду-се дақиқа ҳамроҳи ҷавонзане, ки ўро аз аврупоён фарқ намудан душвор буд, баргашта бандаро ба ҳамроҳи наваш чунин муаррифӣ кард: - Амаки милиса.
пешина
аз 441
навбатӣ