Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Афсўс ки як пиёла чой моро ҳам нагирифтед, - гўён соҳибхона аз қафоям ба айвон баромад. Дар ҳоле ки ман борониамро пӯшида, кулоҳамро ба даст гирифтам, ў боз гулӯ рӯшан кард:
- Фардо пешин ҷаноза ва агар тавонед биёед ва худ хоҳед дид, ки худораҳматии Сафо чӣ қадар ёру дӯстон дошт.
- Кӯшиш мекунам, - гўён ман дарро кушодам…
Дар нисбати соате пештар ҳарорати ҳаво хеле мӯътадил шуда буд.
Дар рў ба рўи биное, ки Бонози Даврон зиндагӣ дошт, майдончае бо тамоми таҷҳизоташ барои бозии кӯдакон омода буд ва ба оғози фасли зимистон нигоҳ накарда, даҳ-понздаҳ нафар кӯдакони синни то мактабӣ аз оламу одам бехабар саргарми бозии хеш буданд.
Лаҳзае дар роҳрави бино таваққуф намуда, сари амалҳои дар пеш истода андеша намудам. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Ҳамид Ҷовид ҳамеша як сухан вирди забонаш аст. «Аз беандешагии сар пойҳо ҳамеша дар азобанд» (Дурная голова ногам покоя не даёт). Тайи суҳбати қариб як соат бо Бонози Даврон доштаам, мусоҳибам бандаро бовар кунонид, ки шаби 27-уми ноябр баъди соатҳои 21 ў ҳамроҳи ҳамсояаш Нигораи Собир аз саҳни ҳавлӣ ба хонааш баромадааст. Мисли оне ки қувваи барқ таконат медиҳад, ман ҳамоно ба қафо баргашта, аз зинаҳо бо суръати баланд, ҳарчанд ба синну соли ман мувофиқ набуд, давидам. Гумон доштам, ки Бонози Давронро пушти дари Нигорабону сари суҳбат мебинам, вале…
На инро дидаму на онро. Ба чанд даре ангушт задам, касе онро ба рўям накушод. Гумон намудам, ки дар ошёнаи чорум, ки аз се хона иборат аст, касе нест. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки дар ин субҳи рӯзи шанбе мардум дар куҷоянд.
Дилу бедилон боз ба пеши бино фаромадам. Боз дар ҳамон ҷое, ки лаҳзае пеш истода будам, қадаммониамро сусттар намудам.
«Гапи ростро аз кӯдак шунав», хонда будам дар куҷое ва маҳз ҳамин нуқтаи назар боиси андешаҳои навам гашт. Охир як майдон қариб пур аз бача буд ва чӣ тавр ман метавонистам бо онҳо суҳбат накарда, аз он маҳал бурун равам. Ман ба тарафи майдонча рафтам ва лаҳзае ба бозии бачаҳо зеҳн мондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор