Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ин ҳайкалчаи Суқрот39 аст ва гумон мекунам, ки дар зиндагӣ раҳнамоят хоҳад шуд, гуфтааст собиқ соҳиби он хона.
    Ин суханонро аз забони Сафо шунида хандаам омад.
    Гуфтам, ки ҳайкалча чун «Бут» аст ва мо бутпараст нестем. Биё беҳтараш онро партоем, вале Сафо ба ин кор монеъ шуда гуфт:
    “О ин Суқрот аст, мефаҳмӣ Суқрот.”
  • Хайр чӣ? - бепарвоёна гуфтам ман.
  • О, Суқрот пири олимони дунёст,-гуфт Сафо ва банда дигар бо ў баҳс накардам. Агар ман медонистам, ки …
    Боноз ашки чашмонашро бори аввал бо нӯги рўймолаш тоза намуд.
  • Бубахш, ки дарду доғатонро зиёдтар намудам,-баҳри тасаллои дилаш гуфтам ман.
  • Ҳеҷ гап, ҳамааш айби ман шуд, ки дар ҳамон вақт Сафоро гӯш намудаму он ҳайкалчаро напартофтам, - оҳи сарде аз дили пурдард бароварда гуфт мусоҳибам.
  • Агар зид набошед охирин савол?
  • Гап занед.
  • Мехостам, бифаҳмам, ки дўстони ин хонадонро чӣ ному насабест.
  • Мо дӯстони хеле зиёд дорем ва ман наметавонам, якеро аз дигаре паст ё боло гузорам.
  • Тафтишотро лозим меояд, ки бо чанд нафаре аз ёру дӯстони ин хонадон суҳбат намояд.
  • Магар аз чунин суҳбатҳо манфиате ҳаст?
  • Намедонам.
  • Шумо беҳтар аст, ки ба офис равед ва бо ёрдамчии Сафо – Хушнуди Замир суҳбат намоед. Ба фикрам Сафо аз ҳама бештар ба ҳамин рафиқи давраи ҷавониаш эътиқод дошт.
  • Офис дар куҷост?
  • Дар наздики стадиони «Спартак». Ҳамон ҷо як мағозаи калони фурўши масолеҳи бинокорист. Аз фурӯшанда пурсед, дар куҷо будани офисро ба шумо нишон медиҳад.
  • Ташаккур. Бубахшед, ки бо суолҳои хеш дили бе ин ҳам ранҷури шуморо озор додам, - гўён ман аз ҷой бархестам.

Суқрот (солҳои 469-399 то милод) - файласуфи Юнони Қадим.

пешина
аз 441
навбатӣ