Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Эҳтимол меравад, ки касе бо ҳамон ҳайкалча то лаҳзаи афтиданаш ба сари ў зарба задааст.
- Баъд дарро кушодааст, ки ў ба поён, ҳамин хел?
- Намедонам, ў худаш афтидааст ё ба ў дар ин кор ёрӣ додаанд.
- Шояд ҳангоми афтидан сараш ба замин бархӯрда бошад?
- Албатта, чунин шуданаш ҳам мумкин, вале дар ҳодисаи мазкур чунин нест.
- Чӣ хел?
- Агар ў бо он қисме, ки сараш каме захмин буд, ба замин мезад, гарданаш мешикаст, вале ў бо қафаси синааш ба замин бархўрдааст.
- Пас, кист оне ки ўро бо ҳайкалча ярадор намудааст.
- Намедонам, вале аҷаб нест, ки дар он ҳайкалча нақши ангуштони қотил намонда бошад.
- Чӣ?
- Нақши ангуштон.
- Бале, нақши ангуштон,-гуфтам ман ва ба чашмони мусоҳибам нигаристам. Барои тағйиротеро дар қиёфаи ў ҳис намудан духтури руҳшинос будан шарт набуд.
- Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ тавр аз ҳайкалча нақши ангуштонро мегиранд?
- Ин як соҳаи илм аст. Дактилоскопия ном дорад. Маҳз ҳамин илм собит намудааст, ки нақши ангуштони ҳар як сокини сайёра хусусиятҳои алоҳидаи хешро дорад. Тариқи ҳамин илм даҳҳо не, аниқтараш ҳазорон ҷиноятҳои ноаён ҳар сол ошкор карда мешавад ва онҳое, ки даст ба ҷиноят задаанд, ба маҳкама кашида мешаванд.
-Ҳамон ҳайкалча аз аввал ба ман маъқул набуд. Боре баъди харидани он манзил Сафо бандаро ба он ҷо бурд. Собиқ соҳибхона ягон ашёро аз он манзил набаровард. Дурусттараш мебел ва ашёҳои калонро. Мебел-гарнитур «Габриэла» ном дошта, истеҳсоли Олмон будааст. Соҳибхона онро дар солҳои охири ҳукмронии Шӯроҳо ба маблағи панҷ ҳазор рубли соли 1961 харида будааст. Сафо гуфт, ки ин маблағи ниҳоят калоне будааст, вале баъдтар ҳангоми иваз шудани қурби пул он маблағ панҷ сумро ташкид додааст. Дар яке аз тоқчаҳои ҳамин мебели хушсохт ана ҳамин ҳайкалча меистод. Намедонам, он чӣ қимате дошт, вале собиқ соҳибхона онро ба Сафо туҳфа намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор