Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Намедонам, қасам ба ҷонам, ки худам ҳам чизеро намефмидам.
- Ба замми ин, аз ҷойи ҳодиса як ҳайкалчаи вазнини мисин гирифта шудааст, ки онро баҳри ташхис фиристоданд. Ба андешаи мо, инро бархилофи низомномаи идора ба шумо мегўям (касе бо ҳамин ҳайкалча дар торикӣ ба сари Сафо задааст ва шояд ҳамин зарба сабаб гаштаву он кас мувозинаташро гум карда, аз дари кушодаи балкон сарозер ба поён афтидааст.
- Ҳеҷ чизро намефаҳмам, - гуфт мусоҳибам, ҳарчанд банда дар қиёфаи то кунун ороми вай як тағйироти ҷиддиеро, ки ба тарс монанд аст, ҳис намудам.
- Шумо дар ин бора чӣ андеша доред? - ниҳоят худро каме ба даст гирифта пурсид Бонози Даврон ва ин дафъа овози ў ниҳоят хаставу хазин садо дод.
- То кунун натиҷаи ташхис наомадааст, чун биёяд ман албатта, шуморо огоҳ мекунем.
- Яъне шумо дар он андешаед, ки ўро ба кӯчаи Беҳзод қотил даъват намудааст?
-Намедонам, вале ҳодиса аз нуқтаи назари ташхисгари тиббӣ-судӣ бояд чунин сурат гирифта бошад. - Чӣ тавр метавон муайян кард, ки Сафоро тариқи ҳайкалчаи мисин ба ҳалокат расониданд? - чашм ба фарш дӯхта гуфт соҳибхона.
- Аслан ман бояд ин суханро ба шумо намегуфтам. Бубинед, бо як сухани ноҷо қалби шуморо захмин намудам.
- Ман ҳақиқати ҳолро донистан мехоҳам.
- Ман ҳам.
- Тарзе сухан мегўед, ки гўё он асрорро ман медонам.
- Дирўз баъди рафтан ба ҷойи ҳодиса шумо аз наздик Сафоро дидед?
- Вақте ки ман ба он ҷо рафтам, ҷисми сарди ўро аллакай ба мошин гузошта буданд ва баҳри шиносоӣ ва тасдиқи фикри хеш бо амри муфаттиш сӯфии сафедро каме аз рўяш бардоштанд. Чун ман тасдиқ намудам, ки шавҳарам аст, боз болояшро пӯшониданд.
- Медонед, ташхисгари тиббӣ муайян намудааст, ки маҳрум аз сараш захмин шуда будааст. Маҳз дар асоси ҳамин нуқтаи назар асбобу анҷоми дохили хонаро дурусттар аз назар гузарониданд ва ҳамон ҳайкалчаро дарёфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор