Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дуруст аст, ки баъди занги телефонии Сафо ман тайи як ё ду соати дигар аз хона набаромадам.
Соати 18 аз хона баромада, ба мағозаи хўрокворӣ ва аз он ҷо ба бозорчаи маҳалла рафтам ва баъзе майда-чуйдаҳо харидам. Дар ин бора метавонед аз холаи нонфурўш, ки дар пеши дарвозаи бозор меистод ва Зулфӣ ном дорад, пурсон шавед. Аминам, ки ў рад нахоҳад кард, ки бандаро дидааст.
Сипас ба хона омадам ва баъди тановули шом машғули тамошои «Оинаи нилгун» будам.
Соатҳои 21 ва ё шояд андаке баъдтар ба берун баромадам, то пеш аз хоб нафаси тоза гирам. Дар берун ба ҷуз чанд тан писарбачаҳои ҳамсоя боз Нигораи Собир ном ҳамсояро низ дидам, ки дар қабати чоруми ҳамин бино зиндагӣ дорад.
Дарвоқеъ, баъди даҳ-понздаҳ дақиқа мо боло баромадем ва ман вориди хона шудаму Нигора ба боло рафт.
Чун аз берун баргаштам, сар ба бистар гузоштам ва дигар дар дунё чӣ гапу хабарҳо шуда гузашт, намедонам.
- Яъне, ки баъди соати бисту ду ба ягон ҷо нарафтед?
- Одама лафзаш ҳалол. Наход бовар накунед?
- Акнун бовар кардам.
- Миннатпазирам.
- Тафтишотро як чиз ором намегузорад.
- Гап занед.
- Мо дар он андешаем, ки худораҳматӣ он рўз ба шумо дурўғ гуфтааст, ки ба Ҳисор меравад.
- Далел?
- Рафту агар ў ба Ҳисор мерафт, дар бозгашт, албатта, аз паҳлуи хонааш гузашта ба кӯчаи Беҳзод намерафт.
- Чиро дар назар доред?
- Охир ў нағз медонист, ки шумо дар хона вайро интизоред, пас чӣ лозим буд, ки дар бозгашт ў ба хонаи аслиаш нею ба хонае равад, ки дар он ҷо касе ўро интизор нест.
- Шояд ўро аз рўи фаъолияти кориаш кушта оварда, паси он бино монда бошанд?
- Ин ғайриимкон аст.
- Чаро?
- Чунки ў дар дохили хона будааст, вале бо кадом сабабе ҳатто пойафзолашро ҳам набаровардааст. Ман ҳеҷ гумон намекунам, ки шахс ба хонаи худаш дарояду пойафзол ва борониашро аз тан накашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор