Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Росташро.
-Зиндагӣ, албатта, пасту баландиҳои хешро дорад ва тафтишот бар он ақида аст, ки шояд худораҳматии Сафоро ба ҷуз шумо боз маъшуқаи дигаре ҳам будааст.
-Намедонам. Барои чунин андеша намудан ман ягон асосе надоштам. Ҳамагон шоҳид, ки мо орому осуда зиндагӣ мекардем, ягон камбудие надоштем ва чӣ хеле ки шумо огоҳӣ доред, тахминан се моҳ пештар аз пасандозҳои хеш дар кӯчаи Беҳзод як хонаи сеҳуҷрадор харидем. Афсўс ки дар ин ҷо зиндагӣ кардан ба ману Сафо муяссар нашуд.
-Биёед, беҳтараш сари ҳамон масъалаи асосӣ баргардем.
-Сари кадом масъала?
-О, гуфтам-ку, шумо ба ёд биёред, ки баъди занги худораҳматии шавҳаратон то субҳи дигар…

  • Аз он занг банда мушавваш ҳам нашудам, чунин ҳолатҳо дар рўзгори мо аҳён-аҳён рух медод. Ҳамаи он чи ки Сафо дар зиндагӣ ба даст овард, ин натиҷаи меҳнати ҳалоли ўст. Барои ҳамин ў шабро шаб, рўзро рўз нагуфта ҷон мекоҳонд. Борҳо ба ҷангалзорҳои Сибири Ғарбӣ рафта шартнома баста омад. Аз Сибир чӯбу тахта ва масолеҳи оҳанин меовард, аз Қирғизистон бошад, шиферу цемент, то мардумон соҳиби биноҳои замонавӣ шаванд. Гуфтам-ку, ў ҳамеша дар фикру зикри некӣ ба мардум буд.
  • Мо боз аз сари масъалаи асосӣ каме дур рафтем.
  • Ман аз ёд набаровардаам. Фақат пеш аз ба забон овардани он суханон мехоҳам шуморо каме ба рўзгори хеш, ки тайи солҳои зиндагии якҷоя бо Сафо ба даст овардаем, ошно намоям.
    -Зид нестам.
    -Доираи кору фаъолияти худораҳматӣ Сафо хеле васеъ буд.
    Мо ба ҷуз чанд дӯкони хариду фурӯши масолеҳи бинокорӣ дар шаҳр доштаамон, тайи як соли охир чунин мағозаҳоро дар чанд навоҳии тобеи марказ низ кушода ба истифода додем.
    Аминам, ки маро мефаҳмед.
    -Кам - кам.
    -Ман аллакай ба муфаттиш ҳам дар ин бора гуфтам ё шояд ба саволаш посух додам, ки сабабҳои марги Сафоро аз рўи фаъолияти кориаш ҷустан лозим, на аз рўи тарзи зиндагиаш.
    Акнун бармегардам ба сари саволи шумо. Албатта, инсонро бисёр омилҳо маҷбур месозанд, ки ҳаракат намояд. Бе ин намешавад ва дар ин бора баҳс ҳам фоида надорад.
пешина
аз 441
навбатӣ