Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ман аллакай ҳамаашро ба муфаттиш гуфта додам.
- Медонам ва бубахшед, ки боз захми дили шуморо тоза намудам.
- Чӣ илоҷ, мо ҳама назди тақдири Худованд дасткӯтоҳем.
- Боз баъзе саволҳо пайдо шуданд, ки тафтишот ба онҳо рӯшанӣ андохтанист.
- Гӯшам ба шумо.
- Тафтишот донистан мехоҳад, ки шумо шаби 27 ба 28-уми ноябр дар куҷо будед?
- Дар ин бора ман ҳамаашро ба муфаттиш гуфтам, ки тамоми шаб дар хона будам.
- Дар ҳуҷҷатҳо не, вале аз забони худи муфаттиш шунидам, ки рўзи 27-уми ноябр худораҳматии шавҳаратон ба шумо занг зада гуфтааст, ки ба Ҳисор меравад.
- Дирўз субҳ, бандаро ба маҳаллаи манзили навамон даъват намуданд ва ман ба он ҷо рафта аз фалокати ба сари хонадонамон омада огоҳ шуда, худамро гум кардам. Ҳарчанд ман ба чанд саволи расмии муфаттиш посух гуфтам, вале ба ёдам наомад, ки дар бораи он занги зормонда ўро огоҳ созам.
Ҳангоме ки онҳо аллакай нияти ба мошин нишастан доштанд, ман занги охирини Сафоро ба ёд оварда, дар суҳбати сарироҳӣ муфаттишро огоҳ намудам. Чӣ магар ба хатое роҳ додам? - Баръакс, шумо дар асоси қарзи шаҳрвандии хеш ба тафтишот ёрӣ додаед. Истед, ки шавҳаратон бо кадом телефон занг зад?
- Бо ҳамин телефони хона.
- Ташаккур. Боз ба як саволи дигар ҳам посух гирифтаниам.
Шумо гумон накунед, ки банда аз бекорӣ ба чунин амал даст зада истодам. Ҳаргиз ин хел нест, мо дарду доғи шумо ва ин хонадонро дуруст дарк мекунем, вале ба хотири рӯшанӣ андохтан дар тафтишот… - Ман шуморо мефаҳмам.
- Тафтишот донистан мехоҳад, ки шумо ба ёд биёред, ки рўзи 27 ноябр баъди он занги телефонии, шавҳаратон то субҳи рўзи 28-уми ноябр дар куҷо будед? Беҳтар мешуд, ки соат ба соат ё беҳтараш дақиқа ба дақиқаи он рўзу шабро ба ёд биёред?
-Чӣ шумо аз ман гумонбаред?
-Ҳаргиз ин хел нест. - Пас ин ҳама талошҳои шумо чӣ маъние доранд?
-Чӣ гўям?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор