Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарро ба рўям ҷавонзани тахминан 23-26 солае, ки дар тан либоси сиёҳ дошт, кушод,

  • Ба шумо кӣ даркор?
  • Хонум Бонози Даврон
  • Ин ман.
    Ман дигар сухане ба забон наоварда, шаҳодатномаи хизматиамро барои шиносоӣ ба дасташ додам. Соҳибхона дар як мижа задан онро аз назар гузаронида, чун боварӣ ҳосил намуд, ки акси дар шаҳодатнома буда ба ман монанд аст, гуфт:
  • Марҳамат гузаред.
    Ман кулоҳ ва борониамро ба либосовезаки пушти дар овехта, дар як мижа задан тамоми либосҳои дар он овехташударо аз назар гузаронидам, вале …
    Дар байни ҳамаи он либосҳо боронии чармини сиёҳро надидам.
  • Марҳамат ба меҳмонхона гузаред, - дигарбора суханашро такрор намуд соҳибхона ва ман аз байни андешаҳоям берун омада, пой ба остонаи хона гузоштам.
    Хона дар шафати дуюми бинои чорошёна ҷойгир буда, дорои панҷ ҳуҷра буд ва ду ҳуҷраи онро меҳмонхона ташкил медод. Ҷиҳози меҳмонхона ниҳоят қиматбаҳо буда, тарзи ҷоба ҷогузории онҳо худ гувоҳи табъи баланди соҳибхона буд. Дар рафҳои гарнитури хориҷӣ китобҳои зиёди муқоваашон зарҳалин, ки аз чанд ҷилд иборат буданд, бо тартиб чида шуда буданд. Меҳмонхона дорои ду қандили калоне буд, гунбази онро баъди фурўзон намудан ба осмони пурситора шабеҳ дод.
    Дар байни хона телевизори калоне меистод, ки рўяш бо матои сиёҳе пӯшонида шуда буд ва болои он расми на чандон калоне дар чаҳорчӯбаи зарҳалин. Шояд то кунун соҳибхона он расмро дар дигар хона нигоҳ медошт ва акнун баъди марги шавҳар чун нишоне аз зиндагии якҷоя онро ба меҳмонхона оварда буд. Дигар шубҳа ҳам набуд, ки дар расм Сафо ва Боноз аксбардорӣ шудаанд.
    Бо ҳидояти соҳибхона банда ба яке аз курсиҳои мулоиӣ нишастам ва худи ў дар як кунҷе, ки ба дар наздиктар буд, ба курсие сари по амонат нишаста, бандаро хайрамақдам гуфта аз ҷойи бархестани шуд, вале ман ўро бо ишораи даст аз ин амалаш боздоштам.
  • Ақкалан як чой биёрам.
  • Лозим нест.
пешина
аз 441
навбатӣ