Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ман ҳайронам.
- Аз чӣ?
- Аз ҳамин кору бори шумо, сари субҳ гурусна ба кор шитобидед ва ба қавле посе аз шаб гузашта омадед ва боз тариқи телефон корҳои идораро муҳокима намудед.
- Магар ин ягон бадӣ дорад?
- Намедонам, вале фаромўш кардан хуб нест, ки фарзандат ҳам ба тарбияи падар эҳтиёҷ дорад. Аллакай се моҳи таҳсил сипарӣ шуд ва оё падар шуда як маротиба ба мактаб рафтӣ, ки Расул чӣ тавр мехонад, муаллимон нисбати хонишу ахлоқи ў чӣ андеша доранд?
- Ин хатои ман аст.
- Хайрият қарзи падариатро ба ёд овардӣ.
- Чун ба нафақа бароям, ваъда медиҳам, ки ҳар ҳафта ба мактаб рафта аз хонишу ахлоқи Расул хабардор шуда меистам.
- Шӯхӣ ҳам ба эбаш будагист. Имрўз банда сари роҳ бо муаллима Бобиева вохўрдам ва ў нисбати хониши Расул изҳори нигаронӣ намуд.
Ин бори аввал набуд, ки Умеда нисбати хониши Расул изҳори нигаронӣ мекард ва ӯро низ фаҳмидан лозим буд Соате дар алоҳидагӣ бо Расул суҳбат намудам.
Тамоми шаб мижа таҳ карда натавонистам. Намедонам ҳамаи инро сабаб шикояти ҳамсарам аз болои фарзанд буд ё сабаб ҳамон ҳодисаи дар кӯчаи Беҳзод рухдода.
Ман боз ҳамон симои ҷавонзани фирориро, ки шаби гузашта айнан дар ҳамин вақт дар муқобили бинои нуҳошёнаи рақами 17-и кӯчаи Беҳзод дида будам, пеши назар овардам.
Ман танҳо дар рӯшноии чароғҳои мошинҳои роҳгузар симои он ҷавонзанро як лаҳза дидам, танҳо як лаҳза ва ба гумон буд, ки он симоро ман ёд оварда тавонам. Лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф ҳам аз мусоҳиби хеш муайян накардааст, ки он зане, ки аз пеши тарабхонаи «Ором» ба таксӣ нишастааст, чӣ либосе дар тан дошт. Ҳарчанд ман симои он зани фирориро ба ёд ҳам оварда натавонам, вале бо итминони комил гуфта метавонам, ки ў дар тан боронии чармини сиёҳ дошт. Ба худ аҳд намудам, ки фардо ба ҷуз бевазан боз бо Хусрав Раҳим ҳам вохўрам …

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор