Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди дуюним соати аз милиса баромадан, дар ҳоле ки банда аз шабакаи аввали ТВТ барномаи «Ахбор» - ро тамошо доштам, телефон занг зад ва гӯшакро Расул бардошт.

  • Дада, Тоҳир-амак шуморо мепурсад.
    Ман дилу бедилон аз ҷой бархеста рафта гӯшакро гирифтам.
  • Салом, мўйсафед.
  • Салом.
  • Бубахш, ки озорат додам.
  • Боке нест.
  • Пирамард,38 имрўз ҷойи нишасташро наёфта истодааст. Ў тариқи каналҳои хеш муаяйн намудааст, ки дирўз аз соати 1230 то 1725 касе ба хонаи Сафо Боқӣ занг назадааст.
  • Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, суханони Бонози Даврон дар нисбати оне, ки гўё рўзи 27 уми ноябр соатҳои 15 шавҳараш занг зада огоҳаш намудааст, ки ба Ҳисор меравад, асосе надоранд.
  • Садқаи одами ақли фаҳм шавам.
  • Шеф мехоҳад, ки ман худи ҳозир хеста ба маҳаллаи Зарафшон равам?
  • Ҳаргиз ин хел нест. Шеф мехоҳад, ки фардо субҳ шумо аз хона рост ба маҳаллаи Зарафшон равед ва бо Бонози Даврон суҳбат намоед. Ҳа, дарвоқеъ, шеф боз ҳамон суханашро хотиррасон кард.
  • Кадом суханашро?
  • Болои сӯхта намакоб напошед.
  • Метавонед осуда бошед.
  • Хайр то субҳи дигар!- гўён сардори бахш гӯшакро ба ҷояш гузошт.
  • Тинҷӣ ҳаст? - баробари аз пешайвон вориди хона шуданам пурсид модари Расул.
  • Тинҷӣ, тинҷӣ.
  • Расул гуфт, ки амаки Тоҳир занг зад.
  • Расул рост гуфтааст.
  • Он қадар суҳбат кардед, ки кас гумон мекунад ду ҳафтаи тамом ҳамдигарро надидаед.
  • Мо дар атрофии корҳои идора гап задем.

38 Пирамард – Ҳамид Ҷовид дар назар аст.

пешина
аз 441
навбатӣ