Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Шояд Хусрав Раҳимро ба милиса ҷеғ зада пурсам, - луқма партофт лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ
- Мутлақо аз ин амал даст кашед. Охир ў гуфтааст, зане, ки аз пеши тарабхонаи «Ором» ба таксӣ нишастааст, ба ҳамсари Сафо Боқӣ монанд будааст, вале аниқ нагуфтааст, ки дар ҳақиқат вай зани Сафо Боқӣ буд, мефаҳмед?
- Акнун фаҳмидам.
- Андеша намоед, боз коре нашаваду бо як амали ноҷои хеш болои сӯхта намакоб пошед, - гўён сардори ШКД ба ҳамагон худоҳофизӣ намуд.
Чун мо ба берун баромадем, шаб фаро расида буд, ҳол он ки соат нав 1815 дақиқа буд. Ба замми ин баъди борон ҳаво ниҳоят сард шуда буд. Ман дигар ба ошёнаи дуюм набаромада, аз пеши дари баромадгоҳи бино бо ҳамкорон худоҳофизӣ намуда, ба тарафи истгоҳ ҳаракат намуда, баъди чор-панҷ дақиқа ба автобус нишастам.
Мардуми зиёде дар истгоҳҳо интизори омадани нақлиёти шаҳрӣ буданд, вале ба бахти банда, ки ман лаҳзае ҳам қариб интизор нашудам. - Охир ў гуфт, зане, ки аз пеши тарабхонаи «Ором» ба таксӣ нишаст, ба ҳамсари Сафо Боқӣ монанд буд,- гуфтани Ҳамид Ҷовид ва огоҳкуниҳои вайро ба ёд оварда, дилам боз фишурда шуд.
Бубин, банда тахминан соатҳои 2305- 2315 дақиқа, дар ҳоле ки кӯчаи Беҳзод дар оғӯши зулмот буд, тайи ҳамагӣ ду-се дақиқа як симоро ду маротиба дидам. Соате пештар дӯсти Сафо Боқӣ дар наздики тарабхонаи «Ором» занеро дидааст, ки ба ҳамсари маҳрум монанд ба таксие нишаста.
Агар шахси дидаи Хусрав Раҳим дар ҳақиқат ҳамсари Сафо Боқӣ буд, пас ў дар нисфи шаб ба куҷо шитоб дошт. Сад афсӯс ки Хусрав Раҳим аниқ гуфта наметавонад, ки дар ҳақиқат зани аз назди тарабхонаи «Ором» ба таксӣ нишаста ҳамсари Сафо Боқӣ буд.
«О худат, ки як умр нони милиса хӯрда кӯшише ба харҷ надодӣ, то бифаҳмӣ он зани шабгард кист? Пас чаро аз нафаре гила дорӣ, ки аз чунин касб фарсахҳо дур аст?» -гузашт аз фикрам.
«Шояд, - боз шунидам садои қалби хеш» ва аз автобус фаромадам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор