Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Магар алла суруди одист?
  • Алла оғози зиндагист. Модоме ки ў баҳри тифлаш алла мегуфтааст, ба гумон аст, ки дигар садоеро шунида бошад.
  • Чӣ хеле ки мебинед, рафиқ подполковник, банда аз ҷойи ҳодиса бе ягон дастовезе омадам.
  • Инро ба ман не, ба Ҳамид Ҷовид мегўӣ.
  • Ба Ҳамид Ҷовид бошад, ба Ҳамид Ҷовид.
    Тоҳир Дадабаев тамокуи дар дасташ бударо бурда, ба ахлотқуттии сари роҳ партофта пас гашт ва мо ҳарду вориди бино шудем.
    Дар вақти таъиншуда соати 1730 дақиқа аъзоёни гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ, ки аз кормандони оперативӣ, нозири минтақавӣ, нозир оид ба корҳои ноболиғон, ташхисгаркриминалист иборат буд, вориди дафтари кори сардории ШКД шудем.
    Ҳамид Ҷовид ба ҳар як аъзои гурӯҳ бо навбат сухан дода, аз рафти кори якрўза пурсон шуд. Новобаста аз норасоиҳо дар фаъолияти кории аъзои гурӯҳ баъзе дастовардҳо ҳам буд.
    Хусусан хабари нозири минтақавӣ лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф таваҷчуҳи аҳли нишастро бедор кард. Аз рўи хабари гирифтаи Абдурашид, ки шаби гузашта соати 2205 дақиқа Хусрав Раҳим ном шахс, ки бо Сафо Боқӣ шинос будаасту ҳамсари вайро мешинохт, занеро дидаст ба Боноз монанд, ки аз пеши тарабхонаи «Ором» ба таксие нишаста, ба тарафи шаҳр ҳаракат намудаст. Мутаассифона Хусрав Раҳим рақами таксиро надидаст.
    Маҳз ҳамин хабар ягона падидае буд дар рафти суҳбати имшаба.
    То кадом андоза хабари мазкур ба ҳақиқат наздик буд, касе чизе гуфта натавонист, вале сарвари ШКД ҳамагонро огоҳ намуд, ки дар атрофи ҳамсари Сафо Боқӣ корро ҷонноктар намоянд.
  • То вақту соаташ ба Бонози Даврон наздик нашавед. Бо ҳамин як хабар мо наметавонем ўро ба дом андозем. Рафту агар ҳамсари Сафо Боқӣ дар ин ҳодиса шарик бошад, ба гумонам ў танҳо нест. Аз нигоҳи банда аҷаб нест, ки Сафо Боқӣ чун сайёд ҳамсарашро таъқиб накарда бошад. Аминам, ки маро мефаҳмед?
  • Шуморо фаҳмидем, рафиқ полковник,-гуфт Тоҳир Додобоев.
пешина
аз 441
навбатӣ