Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳанифаи Бузургмеҳр гуфт, ки Сафо Боқӣ муддати ҳашт сол аст, ки бо Боноз издивоҷ намудааст, вале то кунун онҳо соҳиби фарзанд нашудаанд.
Бархилофи муфаттиши прокуратура Боноз ба Ҳанифабону маъқул будааст. Шояд ў суханони хешро аз рўи оини ҳамсоягӣ гуфт. Худораҳмати бобоям ҳамеша таъкид мекард, ки ҳамсояи нек он кас аст, ки айби ҳамсояи хешро намебинад ва агар бубинад ҳам, онро пинҳон медорад…
Суҳбат бо ҳамсари Ҳанифабону ба ман даст надод, чунки нимаи дуюми Ҳанифабону корманди ҳарбӣ тайи як ҳафтаи охир ба машқҳои тактикӣ рафта будааст.
Чун аз кӯчаи Беҳзод то бинои милиса роҳ ниҳоят наздик буд, ҳамагӣ ним соат пеш аз вақти таъиннамудаи Ҳамид Ҷовид ман аз бинои рақами 17 берун омадам ва оҳиста-оҳиста дар оғӯши туман ба тарафи шарқ ҳаракат намудам.
Дар пеши зинаҳои бинои милиса бо сардори бахш Тоҳир Додобоев рў ба рў шудам.
- Омадед?
- Чӣ хеле ки дида истодаед.
- Ягон гиреҳе ба даст овардед, - боз пурсид сардори бахш.
- Рафту агар Сафо Боқӣ пой бар остонаи он хона гузошта бошад ҳам, танҳо баъди соати бисту ду.
- То соати бисту ду вай дар куҷо будааст?
- Ин ҳамон муаммоест, ки мо намедонем.
- Ҳамсояҳояшро пурсидӣ?
- Хонаи харидаи вай аз тарафи рост аст, дурусттар карда гўем, хона дар кунҷи рост воқеъ гардидааст.
- Яъне аз тарафи рост ҳамсоя надорад?
- Надорад.
- Аз тарафи чап чӣ, аз тарафи чап?
-Ҷавонзани танҳое, дурусттараш шавҳараш, дишаб набудаст, бо тифли се-чормоҳааш дар хона танҳо будаст. Ў бандаро бовар кунонид, ки то соати бисту ду касе пой бар остонаи он хона нагузоштааст.
-Баъди соати бисту ду чӣ?
-Ў ва тифлаш базми раббоние ташкил намуда, одаму оламро ба гӯшаи фаромӯшӣ доданд. - Чӣ хел базми раббонӣ?
- Ў баҳри тифлаш алла гуфтааст.
- О, одитар карда гап занӣ, намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор