Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Қувваи барқ соати 2255 хомӯш шуд. Тахминан баъди даҳ-понздаҳ дақиқа ё шояд камтар, ман дар оғӯши зулмоти кӯча симои он ҷавонзанро дар муқобили ҳамон биное дидам, ки Сафо Боқӣ ба ҳалокат расида.
«Муфаттиш ҷавон аст ва таҷрибаи корӣ надорад», - аз дил гузаронидам ман.
- «Мангар, ки мегўяд, бингар, ки чӣ мегўяд!» - нидо омад аз ғайб…
Борон истод. Болои шаҳрро тумани ғафс ба оғӯш гирифт.
Қариб дар масофаи сад метр чизеро дида намешуд. Долу дарахтон он тараф истанд, хонаҳои баландошёна ҳам дар иҳотаи туман буданд. Соат ҳанўз панҷ нашуда мошинҳо бо чароғҳои фурўзон ва суръати ниҳоят паст ҳаракат доштанд.
Тайи чанд соати охир дар кӯчаи Беҳзод будам. Бо ҳамсояҳои маҳрум сари суҳбат қарор доштам. Ҳамсояҳо қариб, ки дар бораи маҳрум тасаввуроте надоштанд. Онҳо гуфтанд, ки Сафо Боқӣ тахминан ду-се моҳ пештар ин хонаро харида будааст. Баъди ин гоҳ худаш ва гоҳе ҳамсараш ба хона ташриф оварда, хабар гирифта мерафтанд. Хона бо дари фӯлодин муҷаҳҳаз буда, дохили он аз мадди назари банда пинҳон монда.
Аз рўи нишондоди ҳамсояи дасти чап Ҳанифаи Бузургмеҳр то соати 22 касе пой ба остонаи хонае, ки акнун таваҷҷуҳи моро бедор намуда буд, нагузоштааст. Баъди ин Ҳанифабону сари гаҳвораи тифли навзодаш нишастааст, чунки тифли дар гаҳвора буда бо садои хеш хонаро қариб ба по хезондаст ва модараш ҳам баҳри вай суруди «Алла»-ро замзама намудаст.
«Модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дигараш дунёро такон медиҳад»,-хонда будам дар куҷое ва аз рўзгори хеш медонистам, ки гиряи тифл чӣ навое дораду алла гуфтанҳои модараш чӣ садое. Рафту агар модар бо тифлаш сари «суҳбат»
қарор гирад, дигар оламу одам баҳри ў бегонаанд.
Ба пиндори кунунии банда рафту агар Сафо Боқӣ вориди кулбаи навхаридааш гашта бошад, дар ҳавои ҳамин мусиқии хонадони Ҳанифабону гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор