Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Баъди пурсиши расмӣ, дар ҳоле ки мо аллакай нияти ба идора бозгаштан доштам, ҳамсари Сафо Боқӣ бо ишораи даст бандаро огоҳ намуд, ки каме сабр намоям. Мо ҳамин хел оҳиста то сари роҳи калон суҳбат намуда омадем. Боноз гуфт, ки дирўз соатҳои 15 ҳамсараш тариқи телефон ўро огоҳ намудааст, ки ба ноҳияи Ҳисор меравад ва эҳтимол то фардо субҳ баргашта натавонад.
  • Шояд ўро ягон маъшуқае будааст?
  • Намедонам. Магар барои вохӯрӣ бо шахси бегона чанд соат пеш ҳамсарро огоҳ намудан лозим аст?
  • Андешаи шумо дар ин бора дигар хел аст?
  • Ҳамсари Сафо Боқӣ-Боноз ба ман маъқул нашуд, шояд ман ҳуқуқи маънавии чунин хулосабарориро надошта бошам, вале шумо як андеша намоед.
  • То ҷое ман фаҳмидам, шумо аз худи Боноз гумон баред?
  • То ҷое, ҳа .
  • Асос?
  • Рафту агар Сафо Боқӣ бо париваше дар он хона мешуд, аз ду сар ягон кас рафтани вайро медид. Дуюм, ба гумон аст, ки чунин вохӯриҳо бе шаробу кабоб гузарад. Сеюм, агар ў аз Ҳисор бармегашт, чаро сари роҳ дар маҳаллаи Зарафшон ба хонааш надаромаду чанд фарасах роҳи дигарро тай намуда, ба кӯчаи Беҳзод омад.
  • Шуморо фаҳмидам.
  • Аминам, ки дар раванди корҳои ҷустуҷӯи аз ҳамин нуқтаи назар нигоҳ мекунед.
  • Метавонед осуда бошед.
    Сипас ман бо муфаттиш худоҳофизӣ намудам.
    «Боноз ба ман маъқул нашуд», гуфтани муфаттиш тамоми роҳ дар гӯшам садо дод. Аҷибаш он буд, ки дар ин бора ҳатто эътирозе накардам, баръакс бе ягон муқобилат ҳамдилии хешро бо муфаттиш баён намудам.
    Ҳарчанд ҳама он суханони аз забони муфаттиши прокуратура, аз забони ҳамон духтараки бетаҷриба шунидаам санҷиши ҷиддиеро талаб мекард, вале чун онро дар мизони ақл гузоштам, андешаҳои Нӯшини Азизро ба мантиқ наздиктар дидам.
    «Боноз ба ман маъқул нашуд», гуфтани муфаттиш боз дар гӯшам садо дод ва банда ба факту рақамҳо рў овардам. Аз рўи хулосаи пешакии ташхисгари тиббӣ-судӣ! Сафо Боқӣ тахминан соатҳои 2245-2330 ба ҳалокат расидааст.
пешина
аз 441
навбатӣ