Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ман ҳарчанд фикр кардам, ба хулосае омада натавонистам, ки Нӯшини Азиз ҳамон Нӯшини чанд сол пештар дар раёсати тиббии шаҳр дидаам ҳаст ё ин ду шахс ҳамноманд.
Сарам лаҳзае чарх зад.
“Худоё,-гуфтам ба ман чӣ шуда бошад? Дишаб як симоро ду маротиба дидам, имрўз бошад…
Ном гадост гуфтани мардони оқилро ба ёд оварда, саҳфаи охирини дафтари хотиротамро пӯшида гуфтам: -Ба фикрам борон монд. Маро рафтанам лозим.
-Омадан бо иродату…
-Дигар чӣ ҳам мегуфтам.
-Сари як пиёла чой мо дар атрофии марги Сафо Боқӣ хеле суҳбат намудем.
Андешаҳои мо сари ин масъала ҳеҷ ба як нуқта наздик нашуд, баръакс фикру ақидаҳо моро ба соҳилҳои мухталиф партофт.
Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки банда бо рафти ҳодисаҳо аз рўи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва нақли Ҳамид Ҷовид огоҳӣ доштам.
Муфаттиш бошад, худ бевосита иштирокчии амалиёт буд.
Маҳз ҳамин ҳолат мақоли халқии «шунидан кай бувад монанди дидан»-ро ба ёд меовард.
Банда дар он ақида будам, ки сабаби марги Сафо Боқиро аз рўи фаъолияти кориаш ҷустан лозим. Ба чунин назария такя намудани бандаро сабаб он буд, ки аз рўи ҳуҷчатҳои расмӣ Сафо Боқӣ соҳибкори калоне буд. Дар нишондоди ҳамсари маҳрум дар ин бора омада буд, ки доираи фаъолияти шавҳараш ба хариду фурӯши масолеҳи бинокорӣ равона шуда будааст. Ба ақидаи ҳамсари маҳрум онҳо ба ҷуз чанд мағозаи дар шаҳр доштанашон дар навоҳиҳои тобеи марказ низ чунин дӯконҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ доштаанд. Ҳамсари Сафо Боқӣ-Боноз низ дар атрофи марги шавҳар чунин андеша доштааст.
-Албатта, ман то ҳанўз дар кори тафтишот чандон малакае надорам, ки бо шумо баҳс намоям, вале бовар намоед ман сабаби марги ўро аз вазъи оилавиаш мебинам, - гуфт муфаттиш.
- Яъне чӣ хел?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор