Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Кавалератро гусел намо! - Ин сухани дуюм ва амри падари Валя буд.
    Валя манро то пушти дар гусел намуда, ҳатто боре нигохам накард.
    Баъди ин ҳодиса муддати ду ҳафта Валя бо ман гап назад ва баъдтар чун мо боз оштӣ шудем, ў ба ҳоли банда хеле хандида гуфт, ки, ба фикрам, ту ба падарам маъқул шудӣ, вагарна саратро зада мешикаст.
    -Дили ошиқ мисоли гурги гушна аст, ки гург аз ҳай-ҳайи чӯпон натарсад, - гуфтам ман.
  • Яъне прапоршик Новиков Михаил Иванович барои худат чўпон, ҳамин хел? - пурсид Валя
  • Михаил Иванович чӯпону духтараш оҳубарра…
  • Ту бошӣ гург?
  • Барои худ дар ин саҳна нақши дигареро намебинам…
    Рафти ҳодисаҳои минбаъда нишон доданд, ки ман дар он саҳна нақши хешро дуруст бозида натавонистам, ҳарчанд он оҳубарраи зебо аз гург майли дил кандан надошт, вале худи гург бе ӯ аз он маҳал фирор кард…
    Дар кушода шуду муфаттиш чойҷўш дар даст вориди дафтари кориаш шуд. Ў чойҷўшро ба барқ пайваст ва гузашта ба сари мизи кориаш нишаст.
    Чун хотироти банда дар атрофии номи Валентина Михайловна Новикова «сайр» дошт, Нӯшин ҳам аз гӯшае чун тамошобин рӯи саҳна омад.
    Бояд иқрор шавам, ки чанд сол пештар ҳангоми санҷиши як парвандаи ҷиноӣ ман пой бар остонаи раёсати тиббии шаҳр гузоштам ва болои даре айнан чунин номро сабтшуда дидам:
    “Сардори шуъбаи кадрҳо Новикова Валентина Михайловна.” Дилам дар ҳамон лаҳзаҳо чунон фишурда шуд, ки …
    Сипас худро ба даст гирифта, ба дар ангушт задам ва чун овози маҳини соҳиби дафтари кориро шунидаму дарро кушодам, тарбуз аз бағалам афтид.
    Валентина Михайловна на он оҳубаррае буд, ки бо гург забон як намуда.
    Ҳамроҳи ў Нӯшин ном духтараке кор мекард. Ба фикрам, гуфта буд, ки таҷрибаомўз аст37.

Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Ҳодисае дар бӯстонсаро.” Маҳз бо ёрии ҳамон таҷрибаомўз ман муайян намудам, ки Ғиёс кист.

пешина
аз 441
навбатӣ