Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳозир як чой мемонам, - гўён Нӯшин аз ҷой бархест ва ба нею нестони банда нигоҳ накарда, чойҷӯшро гирифта, ба сӯи дар ҳаракат намуд.
«То омадани табар кунда меосояд», гуфтагӣ барин баъди рафтани муфаттиш мавҷи хаёлоти банда лаппиш хӯрд.
-Аз чӣ бошад, ки андешаҳои кунунии ман, на дар атрофи ҳодисаҳои дишаба, балки то дуриҳои дур парвоз кард.
Он солҳо банда дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат мекардам…
Он рўзи ҷумъа ман бо як ҳаяҷоне даст ба занги дар бурдам, вале...
Ба ҷойи Валентина падараш дарро ба рўям кушода пурсид.
-Ба ту кӣ даркор?
-Валя хоҳиш карда буд, мизро омада таъмир кунам.
-Марҳамат, ба хона даро,-гуфт падари Валентина, прапоршик Новиков, ки ман ғоибона ўро мешинохтам.
Чун дигар роҳи қафо гаштан набуд, банда пой бар остонаи хонадони маҳбубаам гузошта, ба беақлии хеш ҳазорон бор лаънат гуфтам. Охир Валя бандаро рўзи сешанбе ба хонаашон таклиф намуда буд ва ман рўзи ҷумъа ба суроғи ў рафтам.
Ҳарчанд баҳона ҳамон мизи зормонда буд, ман шикасти “амалиёт”-и хешро ҳис намудам...
Михаил Иванович бандаро паси мизе дар рў ба рўяш таклифи нишастан кард ва сипас ба ҳамсараш амр намуд, ки Валентинаро ҷеғ занад.
Пайдошавии Валя ба он маҳфил то кунун аз ёди ман нарафтааст.
Бо амри падар модараш Валяро рост аз ванна, дар ҳоле ки ними мӯйи сараш бофта шуда буду нимаш не, овард. Бечора Валя аз куҷо медонист, ки ман баъди се рўзи дигар бе огоҳкунии пешакӣ ҷуръат карда, пой ба остонаи хонаашон мегузорам ва бо ин амали ноҷои хеш ҳам худ ҳам ўро ба бало гирифтор мекунам.

  • Валя, кадом мизи ин хонадон шикастагӣ аст, ки ту «усто»
    ҷеғ задӣ, - ба чашмони духтараш нигариста пурсид Михаил Иванович.
    Бечора Валя муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифта, чашм ба фарш дӯхт.
пешина
аз 441
навбатӣ