Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Довудхӯҷаро чандин сол боз ман надида будам ва аз ин вохӯрии сарироҳӣ хеле шод шудам.
Баъди ҳолпурсии якдигар ба нею нестони банда нигоҳ накарда Довудхӯҷа маро то пеши бинои прокуратура бурд ва мо қавл додем, ки бегоҳ дар назди театри ба номи Лоҳутӣ вомехӯрем.
Чун Довудхӯҷа мошинро дар мавҷи нақлиёт ҳамроҳ намуда, аз чашми банда панаҳ бурд, ман бо тарафи бинои прокуратура ҳаракат намудам.
Вақте ки пой бар зинаҳои пеши бинои прокуратура гузоштам, қатраҳои аввалини борон ба рўям заданд. Маҳз ҳамин борон сабаб шуду ман соате ҳамроҳи муфаттиш Нӯшини Азиз мондам.


Муфаттиши прократура баъди салому алейк ҳуҷҷатҳои соате пеш гирдовардаашро ба дасти ман доду худ мошинкаи чопиро наздаш гузошта, қарорро дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ омода кард. Тайи он муддате, ки ў қарорро рўи чоп овард, боре ҳам ба он коғазҳое, ки дар дасти ман буданд, таваҷҷуҳ зоҳир накард.
Маҳз ҳамин ҳолат боиси осудаҳолии банда гашт, чунки Нӯшин баъди хатми донишгоҳ бори аввал ба кори мустақилона дасту остин барзада буд.
Сипас ў қарори рўи чоп овардаашро ба дасти ман дода, бори аввал аз пушти шишаи шаффофи тиреза ба берун таваҷҷуҳ намуда гуфт, ки ба фикрам агар ҳамин хел боридан гирад, то бегоҳ борон ба барф табдил меёбад.

  • Чӣ ҷойи тааҷҷуб? Охир мо дар остонаи зимистонем, - қариб ки бепарвоёна гуфтам ман.
  • Ҳа, имрўз 28 ноябр.
  • Рўзи ҷумъа.
  • Дар ҳамаи мамлакатҳои исломӣ имрўз рўзи истироҳат аст.
  • Намедонам, чунки аз рўзе, ки чашм кушодам, пой аз хоки диёр берун нагузоштам.
  • Дар собиқ шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳам набудед?
    -Будам, вале он солҳо мо ҳама шаҳрвандони як Ватан будему якшанберо рўзи истироҳат медонистем.
пешина
аз 441
навбатӣ