Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худоё, худаш чӣ гап?
Ман тапиши диламро ҳис накардам.
Ё шояд хато карда бошам?
Не, дасти ростам болои қафаси чапи синаам буд.
Дилам дар ин кунҷе, ки Офаридгор баҳраш ҷудо намуда буд, набуд, ё вай ҳам?
«-Чиро дар назар дорӣ? - шунидам овозаеро аз ғайб.

  • Рафту вай ҳам чун он зани дишаба фирор карда бошад,- қариб ки бо сухани шунаво гуфтам ман.
  • Худованд бузург аст. Умедатро ба ў банд. Худованд ҳаргиз озори бандагонашро намехоҳад, ҳарчанд қисме аз бандагон Худоношиносу носипосанд.
  • Умед мегўӣ? - қариб ки бо овози ларзон пурсидам ман.
  • Ҳа, умед охир умед охирин шўълаест дар қалбҳои мо.
    Ҳаминро аз ёд набарор!» - боз ба гўшам расид ҳамон овоз.
    Ҳарчанд аз тарсу ҳарос қалбамро арақӣ сард зер карда буд, боз дастамро болои синаам сахттар фишурдам.
    Зери панҷаи шахшӯлам, ки болои қафаси синаам фишурда будам, набзам чун мурғи нимбисмил мезад: “Тук, тук, тук”...
    Ман панҷаамро каме бардоштам ва боз дубора онро болои қафаси синаам гузоштам:
    “Тук, тук, тук.”
    Бо амри Худованди азза ва ҷалла ман овози қалби хеш бишнидам. Шояд бо ҳар як тук-туки хеш қалби аз чашм пинҳони ман мисли насоси техникаҳои ҳозиразамон хуни гармро бо эҳтиёт тариқи рагҳои хурду бузург ба ҷисми ман мефиристод…
    Таваҷҷуҳи роҳгузаронро, ки бандаро байни роҳ лолу ҳайрон дида, чашм аз сӯям намеканданд, дарк намуда, боз ба роҳдаромадам.
    Як, ду, се, чор, як ду се чор, не ин садои қалбам не, садои кафши поям буд, ки болои пайроҳаи бетонӣ акси садо медод…
    То ба бинои прокуратура боз панҷ-шаш дақиқа роҳ паймуданам лозим буд, ки мошине паҳлуи роҳ истод ва ронанда аз он берун омад.
    Рафту худи шахси аз мошин беруномада овоз баланд намекард, ба гумон буд, ки ман таваҷҷуҳе ба вай зоҳир намуда, суръати қадаммониамро суст намоям, вале…
    Чун номи хеш шунидам, ба сўи овоз нигаристам.
    Чунинашро интизор набудам. Дар рў ба рўям ҳамсабақи мактабиам Довудхӯҷаи Саидхӯҷа қарор дошт.
пешина
аз 441
навбатӣ