Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Соате пас аъзоёни гурўҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз ҷойи ҳодиса баргаштанд ва сардори ШКД полковники милиса Ҳамид Ҷовид бандаро ба дафтари кориаш хонд.
Гумон намудам, ки баҳри дермониам гўшмол хоҳам гирифт, вале баръакс шуд.
- Аз рўи хулосаи пешакӣ ташхисгари тиббӣ-судӣ Мирзовалӣ Раҳимов шахси аз пушти бинои рақами ҳабдаҳ ёфтшуда тахминан соатҳои 2245 - 2330 дар натиҷаи афтидан аз баландии 12-15 метр ба ҳалокат расидааст.
Хушбахтона, сокинони бино ҷасади мақтулро шинохтанд ва ин кори моро то андозае ҳам сабук намуд. - Чӣ он кас дар ҳамин бино истиқомат менамудааст?
- Не он кас дар дигар гӯшаи шаҳр зиндагӣ мекунад ва аз рўи гуфти ҳамсояҳо дар бинои мазкур дар қабати панҷум як хонаи сеҳуҷрадорро харида будааст.
- Кай?
- Се моҳ пештар.
- Дар хона касе зиндагӣ намекардааст?
- Не, - гуфт Ҳомид Ҷовид ва боз илова намуд, ки дар ин бора ман метавонам маълумоти бештареро аз ҳуҷҷатҳои дар дасти муфаттиши прокуратура маҳфуз буда дарёбам.
Аз рўи гуфтаҳои Ҳомид Ҷовид ҳамин қадар фаҳмидам, ки соатҳои 0630 дақиқаи субҳ корманди идораи хоҷагии коммуналӣ Хайринисои Собир ҳангоми рӯбучини минтақаи хизматиаш дар пушти бинои рақами 17-и кӯчаи Беҳзод ҷасади марди ба ҳалокатрасидаеро дида дар ин бора ба сардори идораашон Алӣ Карим хабар додааст. Дуюмин дар навбати хеш дар ин бора ба милиса хабар дода, худ ҳамроҳи фаррошзан ба ҷойи ҳодиса рафта, омадани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро интизор шудааст.
Тамоми роҳи то ба прократура рафтан симои он ҷавонзани фирорӣ, ки дар самти муқобили бинои рақами 17 дида будам, чун чангу ғуборе аз он гирдбоди дишаба, гирдбоде, ки пушту паноҳаш он шамоли мағруру худписанд буду аз торикии шабона истифода бурда, бо ҳазорон нағмаю усул хоби мардумро нороҳат сохта, дар кӯчаҳои шаҳр «сайругашт» дошт, чун тираабре рўи саҳнаи хотирам омад…
Пеши чашмонам сиёҳӣ зад.
Рўи роҳ лаҳзае тағофул намуда, дасти ростамро болои дил гузоштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор