Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дўсти ҷавони ман Абдумаҷид, ки ба ҷойи ҳарфи «Р»- ҳарфи «В» -ро истифода мебурд, ҳамроҳи ҳамсолонаш саргарми бозӣ буд.
Албатта, ман метавонистам сари қадам ба бозор даромада, ба холаи нонфурӯш Зулфӣ суҳбат намоям, вале бе натиҷа анҷом ёфтани он суҳбатро ба ёд оварда, ба тарафи истгоҳ ҳаракат намудам ва баъди ним соат ба идора омадам…


Ба хулосаи ташхиси тиббӣ ман дар нимаи дуюми рўз дар дафтари кори Нӯшини Азиз шинос шудам. Даъвати бандаро ба прокуратура худи Бонози Даврон сабабгор шуда буд.
Соате баъди аз маҳаллаи Зарафшон рафтани ман муфаттиш тариқи даъватнома ҳамсари Сафо Боқиро ба ҳузураш хондааст ва бо ин амали хеш болои сӯхта намакоб пошидааст…
Шояд то андозае ҳақ ба ҷониби Бонози Даврон ҳам бошад, вале ин қадар аз пашша фил сохтан ҳам…
Ба ақидаи ў гўё ману муфаттиш ҳуқуқи шаҳрвандии вайро поймол намуда бошем.
Аҳмад Сайдшарифович ўро ором кунонида, ба хонааш фиристоданд ва ваъда доданд, ки сари ин қазия рӯшанӣ хоҳанд андохт, - бандаро ба рафти ҳодисаҳо шинос намуда гуфт Нӯшини Азиз.
-Аҳмад Шариф мардест, ки аз неку бади ҷаҳон огоҳ.
-Акнун ҳардуи моро ба назди ҳамин мард рафтанамон лозим аст, вале пеш аз ба он ҷо рафтан марҳамат карда, ана бо ин ҳуҷҷатҳо шинос шав.
-Инҳо чӣ ҳуҷҷате ҳастанд?
-Хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ. Ман мехоҳам, ки шумо ба он шинос шавед. Ман мефаҳмам, ки таҷрибаи кори шумо имкониятатон хоҳад дод, то хулосаи дурустеро сари ин қазия пешниҳод кунед.
Муддати на беш аз даҳ дақиқа ман муфаттишро сари андешаҳояш, ки гирдбоди мағрур чангу ғуборро ба сўяш оварда буд, танҳо гузошта, худ ба қироати коғазҳои пешниҳоднамудаи вай пардохтам.
Мирзовалӣ Раҳимов на танҳо ташхисгари оддӣ, балки номзади фанҳои тиб буд ва албатта чӣ гуфтанашро нағз медонист…

пешина
аз 441
навбатӣ