Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳамин хел, вале бори дигар арз мекунам, ки мо ба вай кордор нашудем.
-Бисёр хуб. Акнун мегуфтед, ки аз паҳлуи вай гузашта ба куҷо рафтед?
- Ба тарафи кӯчаи Афзалӣ ва аз он ҷо ба тарафи вокзали Роҳи Оҳан.
-Дар он тангкӯча, ба ягон ҳавлӣ надаромадед?
-Не, чӣ буд?
-Гап дар сари он ки ин субҳ мо нақши ангуштони дирӯз аз шумо гирифтаро ба ташхисгоҳи дактилоскопӣ фиристодем ва соате пеш онҳо хабар доданд, ки шумо нақши ангуштони хешро шаби 22 октябр дар хонаи Исроил Фотеҳ гузоштаед ва манзуратон бод, ки ҳамон шаб дар байни соатҳои 21-22 собиқ старшинаи милиса Исроил Фотеҳ тариқи зарбаи корд ба ҳалокат расонида шудааст. Албатта, мо сари ҳамин масъала метавонем фардо субҳ баргардем ва боз шумо ҳуқуқ доред, ки...
Капитани милиса ҳуқуқҳои нафареро, ки ба ҷуз интиқоли маводи мухаддир боз дар куштори Исроил Фотеҳ ҳам гумонбар дониста мешуд, чун ҳалқаҳои шадда ба ресмон кашид ва ҳуқуқи истифодаи минбаъдаи онро ба ихтиёри мусоҳибаш вогузошт.
Муҳити дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятиро хомӯшии бардавоме фаро гирифт...
Аз он, ки Фарҳоди Зариф баъди шунидани каломи охирини капитани милиса эътирозе накард, Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки боздоштшуда барои ҳимояи хеш далеле дар даст надорад.
-Намедонам ба шумо чӣ хел фаҳмонам, - баъди хомӯшии тӯлонӣ нигоҳашро аз фарш барканда, риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Фарҳоди Зариф.
-Албатта, фардо баъди гирифтани натиҷаи расмии ташхис шуморо муфаттиши прокуратура, ки санҷиши парвандаи мазкурро ба душ дорад, ба ҳузури хеш мехонад ва дар асоси талаботҳои қонун мавриди пурсиш қарор медиҳад, вале дар он вақт шумо аз баъзе имтиёзҳои дар конун пешбинишуда бе баҳра мемонед.
-Чӣ хел имтиёзҳо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор