Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дирӯз мо ҳамаи ҳолатҳои корро дар нишондодамон дарҷ намудем.
-Яъне дар интиқоли маводи мухаддир даст доштан ва боз ба ин амал ҷалб намудани ноболиғонро рад накардед?
-Беҳуда нагуфтаанд, шабе, ки мо дуздӣ баромадем, моҳ ҳам баромад ва хоҳиш мекунам, рафиқ командир, ба мо раҳм кунед.

  • Гумон насозед, ки дили мо аз санг аст. Албатта, мо ҳам ҳолатҳои сабуккунандаи корро ҷӯё мешавем.
    -Ташаккур, рафиқ командир.
    -Акнун мо донистан мехоҳем, ки шаби 22 октябр соатҳои 21-22 дар куҷо будед?
  • Ба ёд оварда наметавонам. Аз байн чӣ қадар вақт гузашт.
  • Ҳамон шабе, ки дар тангкӯчае аз рӯ ба рӯятон як ҷавони низомипӯш баромад, бо либосҳои сиёҳи ҳарбӣ. Маллоҳ.
    -Маллоҳ дар шаҳри мо аз куҷо пайдо шуд? Не, ягон нафарро бо чунин либос надидам ва рафту агар медидам, албатта, мефаҳмидам. Чунин низомиёнро ман дар Русия хеле зиёд дидаам.
    -Пас чӣ тавр метавонам ман ба шумо ёрӣ диҳам, модоме инро худатон намехоҳед? -Ҳа, дарвоқеъ, бархилофи шумо Собир Малик дидани маллоҳро инкор накард. Акнун ман намефаҳмам ба кадоми шумо бовар кунам.
    -Чӣ, Собир гуфт, ки ҳамроҳи ман он маллоҳро дидааст?
    -Бале.
    -Ну и козёл.
    -Магар чунин андеша нисбат ба нафаре, ки ҳамеша чун соя аз паҳлуятон ҳаракат дошт, аз рӯйи инсоф аст?
    ...
    -Чаро ба даҳон об гирифтед?
    -Чӣ гӯям?
    -Росташро.
    -Хайр, мо ҳамон маллоҳро дидем, вале ба ӯ кордор нашудем, пас ин ҳама шикояти вайро сабаб чист?
    -Яъне, дар тангкӯчаи Костюшко бо маллоҳ рӯ ба рӯ омаданатонро инкор намекунед?
пешина
аз 441
навбатӣ