Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳодисаи дар пеши бинои прокуратура рухдода ин худ эътирозе буд аз тарафи интиқолдиҳандагони маводи мухаддир дар нисбати мақомоти тафтишотии кишвар ва тамоми мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми як шабонарӯз ба ҳолати пурзӯри хизмат гузашта буданд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардид ва нигоҳи кормандони ЭКО нисбат ба муқоисаи нақши ангуштони нафарони дар давоми шабонарӯзи охир ба ташхисгоҳи криминалистӣ фиристодашуда чун нигоҳи Ленин ба буржуазия дар шаби пеш аз Инқилоби Октябр гардид.36 Вақте ки Сорбони Ҳомид баъди дайн намудани гуноҳи гурӯҳи Хуморов нияти ба хона рафтан дошт, аз ЭКО занг зада, оид ба маводҳои сари субҳ ба ташхисгоҳ фиристодааш, ки дар муқоиса ҳампешаи хешро дар бойгонӣ ёфтааст, хабар доданд.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву ӯ аз навбатдор хоҳиш намуд, ки Фарҳод Зарифро, ки баъди боздошт намуданаш тайи як шабонарӯз аз ёдҳо дур монда буд, ба дафтари кориаш биёранд...


-Аминам, ки “осоишгоҳ” писандатон омад?
-Рафиқ командир, шӯхӣ мекунед?
-Чӣ ҷой шӯхӣ, модоме, ки худат бе телех (ҷондор) қадаме намегузоштӣ ва акнун давлат барои ҳимояи худат ҷондорҳоро ҷудо намуда.
-Шӯхӣ ҳам ба эбаш, рафиқ командир, - нигоҳашро аз фарш набардошта гуфт Фарҳоди Зариф.
-Бе шӯхӣ. Ҳа, дарвоқеъ, вай ҷондорат-ку?
-Ӯ ҳам дар ҳамин ҷо, вале дар камераи дигар.
-Тайи як шабонарӯзи охир ба кадом хулоса омадед?

36 Ҳукумати Николаи II аз ҳуҷуми болшевикон ба Қасри зимистона, ки
00 бояд соати 10 рӯзи 25.10.1917 баргузор мешуд огоҳ шуда барои пахши
00 он тайёри медид, вале В.И.Ленин шуришро соати 22 24.10.1917 оғоз намуда, то субҳ Ҳукуматро пурра ба зери тасарруфи худ даровард.

пешина
аз 441
навбатӣ