Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз оғози амалиёти дастгиркунӣ ҳавлӣ ва бӯстонсарои собиқ судя мавриди назари мақомоти тафтишотӣ қарор гирифта, дар як вақт милиса ҳавлӣ ва бӯстонсароӣ Хуморовро ба зери назорати хеш гирифта, соати шаши субҳи рӯзи 6 ноябр ӯро дар хонааш дастгир намуда, ба милиса оварданд. Новобаста ба ҳамаи ин Григорий Хуррамович баҳри собит намудани дараҷаи бегуноҳии хеш чун мурғи бисмил хеле пар заду пар...
Чун ҳангоми гузаронидани кофтуков дар манзили истиқоматӣ ва бӯстонсароӣ ба ӯ тааллуқдошта ба миқдори зиёд долларҳои амрикоӣ, хиштаҳои тилло ва дигар намуди ҷавоҳирот ёфта мусодира карда шуд, зиндагӣ тобиши хешро аз нигоҳи эшон гум кард ва ӯ ҳолномаи хешро дар давоми ду соли охир дар 18 варақа рӯи лисон оварда, ба умеди бархӯрдор шудан аз ҳолатҳои сабуккунандаи дар қонун пешбинишуда ба тафтишот супорид.
Ба хотири ноил шудан ба “имтиёзи бештари” тафтишот Григорий Хуррамович номи нафареро, ки қасд ба ҷони подполковники милиса Қамариддин Сафаров намуда буд, ба забон овард ва бо ин амали хеш бори дигар собит намуд, ки аслан на ҳамаи онҳое, ки лофи ҷавонмарди зада, чун патриот аз адлу инсоф, баробарию бародари ҳарф мезананд, дар асл “ҷавонмарданд”...
Соати 1122дақиқаи рӯзи 6 ноябр Зафари Ҷумъа бо тахаллуси “Муҳандис”- ро низ дастгир намуда, ба милиса оварданд. Чун ӯ фаҳмид, ки гардиши бод аз кадом самт аст, худро чун “шогирди” Григорий Хуррамович муаррифӣ намуда, “устодашро” ҳамчун муҳандис ва ба нақшагирандаи амалиётҳои анҷомдодааш ба қалам дод. Ҳамчунин боздоштшуда Зафар Ҷумъа арз намуд, ки яроқеро, ки тариқи он подполковники милиса Сафаров ба ҳалокат расонида шуд, моли шахсии Хуморов аст ва эшон таппончаро барои истифодабарии муваққатан ба дасти ӯ дода. Ҷумъаев ҳолатҳои корро, ки соати 1832дақиқаи рӯзи 5 ноябр дар пеши бинои прокуратураи ноҳияи Сарчашма рух дод, бо майдатарин ҷузъиёташ барои тафтишот арзонӣ дошта, нисбати ҳаракатҳои хеш аз рӯйи дастури аз Хуморов гирифтааш низ муфаттишро огоҳ намуда, дар куҷо пинҳон намудани таппончаи тамғаи “Морголин”-ро низ ошкор кард...

пешина
аз 441
навбатӣ