Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои иҷрои амали мазкур ӯ ба ман ҳазор доллар аванс дод, ки онро дар ҷевони китобҳо мобайни китоби “Самаки айёр” гузоштам ва ҳамин миқдори дигарашро бояд баъди иҷрои амали мазкур ҷуброн намояд.
Барои иҷрои чунин амалҳо ин маблағ ниҳоят ночиз аст, вале онҳо дуздро дар обмурӣ доштагӣ барин дар шикасти амалиёташон маро гунаҳкор мекунанд, чунки ин дафъа аз нақшаи ҳамкорон хабардор нашудам ва амалиёти онҳо бо гуноҳи ман шикаст хӯрд. Шахсе, ки бандаро ба чунин амали нангин ҳидоят намуд, ниҳоят маккор аст ва ҳангоми дар вазифаи судя кору фаъолият намуданаш барои порагирӣ зиндонӣ шуда буд... Рафту агар ҳодисае рух диҳаду ман омада натавонам, бо телефоне, ки дар гӯшаи яке аз ҳамон долларҳо навишта шудааст, занг зада Гришаро пурс ва он ҳазор доллари боқимондаро талаб карда гир. Дар ҳолати суханатро рад намуданаш конверти дигареро, ки дар байни ғазалиёти Ҳофизи Шерозист, гирифта ба Вазорати корҳои дохилӣ фирист. Хоҳиш мекунам конверти дуюмро накушо... Қамар.” Худи ҳамон лаҳза конверти дуюмро низ пайдо намуданд ва дар иштироки соҳибхона Савсан Рӯзиевна онро кушоданд.
Аслан он иқрорномаи подполковники милиса Сафаров, дар муносибат бо мири олами ҷиноӣ Хуморов буд ва корманди милиса дар он номааш оварда буд, ки бо супориши Хуморов бояд Ормон Файзро аз байн бардорад...
Иқрорномаи Сафаров нуқтаи охирине буд барои бегуноҳ хондани сержанти милиса Ҷӯрабеки Одина.
Худи ҳамон шаб аз ташхисгоҳи тиббӣ-судӣ хабар доданд, ки Сафаров аз ду намуди яроқ захми шудааст ва тири ба пешонаи мақтул расида тири тапончаи Макаров нест...


Шахсияти “мири шаҳр,” ки аз тарафи олами ҷиноӣ
эътироф шуда буд, муддати на чандон тӯлоние таваҷҷуҳи
мақомоти тафтишотиро бедор намуда буд ва ҳодисаи дар
пеши бинои прокуратура рухдода аз рӯйи номаи
подполковники милиса Қамариддин Сафаров гузошта шуда
нишонае аз дараҷаи кулминатсионии амалиётҳои пасипардаги Григорий Хуррамович ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 441
навбатӣ