Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Фақат ҷанҷол макун,-аз рухсораи ранги арғувонӣ гирифтаи Зулайхо бӯсае ситонид Карим ва ин аввалин муҳре буд дар пайваст намудани муҳаббати онҳо дар фазои беканора...
Зулайхо худро ба Карим ҷафстар намуд ва тайёра ин ду ҷавонро ба сӯйи ҷаҳони нав-ҷаҳони орзуҳо мебурд...
Ҳарчанд дар дафтари кориаш Қамариддин Сафаров аз зиндагии дутарафаи хеш нишоне нагузошта буд, вале дар ғалладони мизи кории дар манзили истиқомати будааш мактубе ёфт шуд, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
“Савсан, тайи чанд сол аст, ки банда дар милиса чун гург дар ҷомаи меш кору фаъолият намуда истодаам. Ҳарчанд чунин тарзи кору фаъолият ба ҷонам задааст, вале бандаро аз он роҳи гурез нест. Фақат гумон насоз, ки ман тарсуям ва баҳри ҳимояи ҷони хеш ба чунин амали паст даст задаам. Ман аслан на аз ҷони хеш, балки аз шумо метарсам, чунки онҳое, ки бандаро ба дом кашидаанд, ба ҳама кори паст қодиранд ва ман намехоҳам ба пойи шумо хоре халад. Ҳаёти дутарафа ва пуршӯру шари ман аз замони хизмат дар ҳамон ноҳияи наздисарҳадӣ оғоз шуд, чунки гурӯҳе мутеъи нафс будани бандаро дарк намудаву барои иҷрои амали начандон мушкиле маблағи калони пулӣ ваъда намуданд ва чун ман аз уҳдаи он амал баромадаву он маблағро гирифтам, иштиҳоям қозгир шуд... Пас аз он амалиёт ман рӯзона дар хизмати давлат будаму шабона дар хизмати нашъаҷаллобон ва ҳафтае як ё ду маротиба барои ҳаракати минбаъдаи бори аз соҳили чапи дарёи Ому ба соҳили рост гузашта шароит муҳайё менамудам ва сарвари гурӯҳи нашъаҷаллобро аз амалҳои ба нақшагирифтаи ҳамкорон огоҳ менамудам. Ту ҳам боре напурсидӣ, ки ин ҳама зару зевар аз куҷо меояд ва ё шояд медонистию ҳамин таври зиндагӣ писандат буд. Ба ҳар ҳол ман ба дасти ашхосе ки пулро “қиблаи” хеш медонистанд ва ба ҳамин “қибла” саҷда мекарданд, чӣ хел афтиданамро нафаҳмидам. Дишаб яке аз ибодаткунандагони ҳамин “қибла” дар зери таъсиру фишор бандаро барои иҷрои амале “розӣ” кунонид. Аз амри чунин афрод сар печидан ин баробари ба марги хеш имзо гузоштан аст ва бандаро ба ҷуз қабул намудани он роҳи дигаре набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор