Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Карим, аз рӯйи ваъдаи пеш дар замин додааш баробари рост шудани тайёра дар хатти парвоз дар бораи ҳаёти оилавиаш Зулайхоро огоҳ намуд ва тайи як соате, ки ҷавонзан дар паҳлуи иллюминатор нишста буд, ба андешаи мичман имкони пурраи дар мизони ақл гузоштани саргузашти ҳамсафарашро дошт. Ҳарчанд духтар дар самои беканора ҷояшро иваз намуд, вале дар бораи қарори қабулнамудааш каломе ба забон наовард ва мичман дубора ба духтар арзи дил намуд:
-Метавонӣ осуда бошӣ, барои ҷудошавии ману ҳамсарам ягон монеае нест...
Шояд бо ҳамин суханон мард дили занро мусаххар кард, ки Зулайхо бори аввал сарашро болои китфи Карим гузошт...
Аз чӣ бошад, ки Зулайхо дар ҳамин лаҳза ҷанҷоли аввалини хешро бо модараш, ки аз рӯйи ишқи аввалаш ба вуқӯъ пайваста буд, ба ёд овард: “Овозаҳо ҳаст, ки ту бо Ҷӯраи бачаи Хоркаш мулоқотҳои ғоибона дорӣ?
-Ҳамааш дурӯғ, оча, дурӯғ.
-Чияш дурӯғ? - суханони духтарро шунида пурсид Карим.
Духтар фаҳмид, ки ба андеша фурӯ рафта, дар куҷо ва бо кӣ буданашро аз хотир бароварда, каломеро аз он муҳаббати сармозада бо овози шунаво ба забон овардааст ва акнун чорае баҳри ислоҳи он бояд ҷуст ва ӯ сарашро аз китфи ҳамсафараш бардошта, рост ба чашмонаш нигариста гуфт:
-Лаҳзае ғанабам бурдааст.
-Баъд чӣ?
-Модарам гуфт, ки ту бо ҷавони қоматбаланде дил додаӣ, вале ӯ зан дорад ва ҳаргиз духтарам аз бадбахтии дигарон барои хеш бахт маҷӯй ва ман ба дифои муҳаббатам бархестам.
-Набошад, беҳуда туро бедор кардам.
-Кори хуб кардӣ, ҳаминаш намерасид, ки банда бо модарам ҷанҷолу хархаша бардорам.
-Ҷанҷолу хархаша чӣ лозим?
-Сар медиҳаму туро намедиҳам сар, - ба як табассуми зебое гуфт Зулайхо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор