Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари ба ҷойи ҳодиса омадани кормандони РКД шахсияти нафари ба ҳалокатрасидаи дар либоси низоми буда ҳам муайян шуд.
-Ин кас подполковники милиса Қамариддин Сафаров, - гуфт майори милиса Искандаров.
Бо шунидани ин калом рангу рӯйи сержанти милиса Ҷӯрабеки Одина сафед шуд, вале дар зери шуоҳои барқии кӯча, ки қариб нур надошт, ин ҳолати сержантро касе мушоҳида накард.
-О, ӯ дар пояш ҳам захми тир дорад,-сар бардошта гуфт ташхисгари тиббӣ-судӣ Мирзовалӣ Раҳимов.
-Худат гуфтӣ, ки як тир парондӣ?-ба тарафи зердасташ нигариста пурсид сардори милисаи ноҳияи Сарчашма.
-Ман дар ҳақиқат ба тарафи нафари фирории дар либоси низомӣ буда як тир парондам ва ҳамон тири пояш натиҷаи кори ман аст, - гуфт сержанти милиса Ҷӯрабеки Одина.

  • Вале дар тирдони таппончаат бошад, ду тир намерасад?
  • паст наомада гуфт муовини прокурори шаҳр Сафоев.
  • Ҳамаи инро сабаб он аст, ки пеш аз эшонро ба нишон гирифтан дар асоси талаботи низомнома ман як тири огоҳкунанда ба самти осмон паронида амр намудам, ки марди фирорӣ таслим шавад ва чун ӯ роҳи гурезро пеш гирифт, маҷбур шудам пояшро ба нишон гирам.
    -Пас тири пешонаи мақтул аз куҷост?
    -Намедонам ва шуморо бовар мекунонам, ки он тири ман нест.
    -Ташхиси баластикӣ ҳамаашро муайян мекунад, - ба ҳимояи зердасташ бархеста гуфт сарвари милиса...

Тайёра дар баландии 9600 метр бо суръати 900
километр/соат рӯ ба тарафи рӯшноӣ ҳаракат дошт. Дар зери
парҳои ин мурғи фӯлодин замин чун кафи даст ба назар
менамуд. Зулайхо, ки акнун дар паҳлуи Карим менишаст, гоҳгоҳ аз иллюминатор ба замин менигарист ва дар интиҳо
сардиеро дар пойҳояш ҳис намуда, ҷойи хешро бо Карим иваз
намуда, ба курсии байн нишаст. Ҳамсафари сеюми дар
паҳлуяшон буда, ки аз тарафи роҳрав менишаст, марди миёнсоли аврупоимонанд саргарми мутоилаи китобе буд, ки алифбояш барои нафарони дар паҳлуяш нишаста ношинос буд.

пешина
аз 441
навбатӣ