Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мо-ку ӯро барқасд напарондаем. Ҳамааш айби худаш шуд. Рафту агар ин подполковник бегуноҳ мебуд, магар аз амри ҳампешагони хеш сарпечӣ мекард?
-Ин ҳолат ягон аҳамияте дорад:
-Албатта.
-Агар эшон дар қасд ба ҷони Ормон Файз даст дошта бошад-чӣ?
-Кӣ медонад? Ҳа, дарвоқеъ, ана гурӯҳи фаврӣ ҳам омад.
-Ман таппончаамро супорам?
-Намедонам, вале итминони комил дорам, ки ин подполковник бе бало нест.
Ҳимматшоҳи Назокат дар бораи ҳолати ба вуқуъ пайваста ба сардори милиса Дастам Қосим ба таври расмӣ гузориш дод.
-Яроқ дорад? - пурсид Дастам Қосим.
-Намедонам.
Бо супориши сардори милиса квадрати муайяне, ки аз рӯйи назарияи эҳтимолият қотил чун камингоҳ истифода бурда метавонист, ба зери назорат гирифта шуда, ҳайати гурӯҳ ба ҷустуҷӯӣ яроқи истифодашуда шуруъ карданд...
Соати 1900 ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси РКД ва прокуратураи шаҳрӣ, ки дар ҳайати хеш кормандони ЭКО, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва кинологро бо ёрдамчиаш гирифта буданд, ба ҷойи ҳодиса омаданд. Маҳз ба ёрдамчии кинолог (саг дар назар аст.) муяссар шуд, ки аз ҷойи подполковники ба ҳалокатрасида самти охирин лаҳзаҳои ҳаракати ӯро муайян намуда, ҳайати гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро то ба ҷойи пинҳон намудани яроқ роҳбаладӣ намояд...
Чун саг дар назди яке аз биноҳои ёрирасони он мавқеъ бозистод, ҳайати гурӯҳ биноро мавриди назар қарор доданд ва баъди муддате аз зери чӯбҳои барои зимистон захира намудашуда як латтапечеро берун оварданд... Ҳангоми кушодани латтапеч аз дохили он як яроқи ТОЗ-16 бо нишонгири оптикӣ берун омад. Аз рӯйи назарияи эҳтимолӣ метавонист яроқи мазкур ба ҳодисаи дар пеши бинои прокуратура рухдода пайвастагие дошта бошад. Аз ҳамин лиҳоз яроқи ёфташуда дар доираи талаботҳои тафтишотӣ гирифта шуд.

пешина
аз 441
навбатӣ