Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ?
-Он ҷо суроберо мебинам.
-Дар куҷо?
Ӯ аз болои девори иморатҳои ёрирасон ба поён ҷаҳид ва ана ба тарафи боғ ҳаракат дорад.
-О вай милитсионер-ку.
-Фарқаш чӣ? Ӯро нигоҳ доштан лозим! Ҳоло чӣ кам, либоси низомӣ ва аз мо дида калу кӯр онро бештар истифода мебаранд.
-Рафиқ милитсионер, рафиқ милитсионер, як дам истед! - амр дод старшинаи милиса Химматшоҳи Назокат, вале он мард қадаммониашро тезтар кард.
Сержанти милиса Ҷӯрабеки Одина таппончаашро аз ғилоф берун оварда, дар асоси талаботи низомнома як тири огоҳкунанда сар дода, амри старшинаро такрор кард ва чун нафари дар либоси низомӣ буда аз иҷрои амр саркашӣ намуда, суръати ҳаракаташро бештар кард, Ҷӯрабек ҳаракати суробро дар зери чароғҳои барқии боғ ба нишон гирифта дубора кулангро зер намуд.
Нафари фирорӣ ба замин афтид.
-О. ин чӣ кори кардагиат?
-Парво накунед, рафиқ старшина, ман пойи он марди фирориро ба нишон гирифта будам, - гуфт Ҷӯрабеки Одина.
Дар ҳамин асно овози яку якбора ба ҳаракат даромадани мошине, ки садояш ниҳоят гӯшхарош буд, онҳоро аз байни андешаҳои ба сарашон омада берун овард. Мошин аз тангкӯчаи муқобил баромада, ба тарафи роҳи калон рафт.
-Пояшро ба нишон гирифта, тирро дар пешонааш ҷо ба ҷо намудӣ-ку,- шахси дар либоси низомӣ бударо чаппа карда гуфт Ҳимматшоҳи Назокат.
-Чӣ хел ба пешонааш? О ман пояшро ба нишон гирифта будам. Ё тавба, ин кас подполковники милиса-ку? - сари по нишаста гуфт “мерган”.
-Ҳа, подполковники милиса ва мо ӯро парондем.
-Канӣ пояшро бин.
-Гумон дорӣ, ки бо як тир ду ҷойи баданашро захмин намудаӣ?
-Дуруст, ӯро ба ҳолаш гузор, баъди сӯхтор...

пешина
аз 441
навбатӣ